Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон

Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдакон

2-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
Чорабинӣ ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳимояи кӯдаконҶиҳати амалигардонии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон оид ба самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва ба муносибати Рӯзи байналхалқии ҳимояи кӯдакон санаи 1 июни соли равон дар тӯйхонаи «Хистеварз»-и ҷамоати деҳоти Хистеварз хатнасури хайриявии 33 нафар кӯдакони оилаҳои ниёзманди ҳудуди ноҳия баргузор гардид.

Чорабинии мазкурро кумитаи иҷроия дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия доир намуд. Нахуст раиси ноҳия, аъзои кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Назирӣ Зариф Вализода баромад намуда, кӯдаконро бо ин рӯзи фархунда шодбош намуд. Зимни суханронӣ ӯ таъкид кард, ки кӯдакону наврасон ояндаи миллат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати ҶТ ва мақомотҳои маҳаллӣ пайваста ба эшон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Баргузории чорабинии имрӯза аз рафти амалигардонии дастуру супоришҳои Сарвари давлат дарак медиҳад. Сипас, аз номи волидайни кӯдакони хатнасуршаванда Абдураҳмонова Фирӯза сокини ҷамоати Унҷӣ, собиқадори меҳнат Ҳоҷиев Домулло, имомхатиби масҷиди ҷомеи «Олимшайх» Мавлонов Илҳом барои дастгирӣ ва ғамхорӣ, баргузории чунин як чорабинии идона ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия миннатдорӣ изҳор намуданд. Ба 33 нафар кӯдакони хатнасуршаванда ва 30 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд раиси ноҳия ва кормандони масъули кумитаи иҷроия тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд. Барномаи консертӣ бо иштироки ҳофизони шинохтаи ноҳия ба тӯйи хайриявӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: