Иди Меҳргон17-10-2016, 12:54
Хабарро хонданд: 646 нафар
Назарҳо: 0
Санаи 16.10.2016 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб бахшида ба Иди Меҳргон чорабинии фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. Дар ин маросим раиси шаҳри Кӯлоб Хайрулло Амонулло, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш. Кӯлоб Валиева Саъбугул ва дигар шахсони расмӣ иштирок намуданд. Дар чорабинӣ намоиш ва фӯруши маҳсулоти кишоварзӣ, ба монанди картошка, пиёз, забзӣ, каду, себ, ангур, тарбуз, харбуза ва анор бароварда шуданд. Инчунин барномаи консертии таҳия намудаи Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб, Ансабли фалак, театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализода пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Дар хотимаи чорабинӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои баланди меҳнатӣ, пешрафт ва рушди соҳаи кишоварзӣ, бахшида ба ҷашни Меҳргон ба як қатор фаъолон ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотирмон супорида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.