Кӯлоб - Пойтахти фарҳангии ИДМ28-12-2015, 12:10
Хабарро хонданд: 355 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба натиҷагирӣ аз пойтахти фаҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Кӯлоб дар соли 2015, дар Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул баромад намуда, иброз кард, ки соли 2015 барои мардуми шаҳри Кӯлоб соли хотирмон буд, чунки дар ин сол бо ташаббус ва ғамхориҳои бепоёни Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб боз ҳам ободу зебо гардида, ба ҳайси Пойтахти фарҳангӣ дар байни давлатҳои муштракулманофеъ шинохта шуд. Инчунин қайд кард, ки иқдоми вакилони мардуми барои эълон гардидани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои миллати тоҷикон саривақтӣ буда, аз тарафи тамоми миллати тоҷик бахусус, аз тарафи мардуми шаҳри Кӯлоб ин қарори вакилони мардуми бо ифтихор ва сарбаланди пазируфта шуд. Ҳамзамон муовини раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо, шоираи маҳбуби тоҷик Хосият Вализода, Абдуқаҳҳоров Сарахон мудири Шӯъбаи фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва дигар шахсони расми иштикор карда, суханронӣ намуданд. Дар охири чорабинӣ, ба собиқадорон, аъзоёни фаъоли ҳизб ва инчунин ба шахсоне, ки дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ барои саҳми арзанда ва ба пешрафти шаҳри Кӯлоб, ҳамчун Пойтахти фарҳангӣ, мусоидат намудаанд, туҳфаҳо ва ифтихорномаҳо дар фазои тантанавӣ супорида шуд. © Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.