Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » «Оилаи солим – омили асосии пешгирии ҷавонон аз ифротгароӣ»

«Оилаи солим – омили асосии пешгирии ҷавонон аз ифротгароӣ»

10-10-2016, 16:03
Хабарро хонданд: 278 нафар
Назарҳо: 0
 «Оилаи солим – омили асосии пешгирии ҷавонон аз ифротгароӣ»

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотиро бо мақсади , бо мақсади ҷалби шаҳрвандон ба ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар ин замина ташкили саривақтии маъракаи «Обуна - 2017» ба нашрияҳоии ҳизбии «Минбари халқ» ва «Мароми пойтахт»-ро роҳандозӣ намуда истодааст.
10- октябри соли 2016 дар ташкилоти ибтидоии «Муборак» бо иштироки Мавзуна Мамадаминова – мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва Гулистон Каримова- мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия чорабинии сиёсию таблиғотӣ зери мавзӯи «Оилаи солим – омили асосии пешгирии ҷавонон аз ифротгароӣ» доир гардид.
Мавзуна Мамадаминова сараввал аз рӯи мавзӯи чорабинӣ баромад намуда, аз ҷумла дар бораи нақш ва мақоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва талошҳои пайваста барои рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳими давлат ва ҷомеаи кишвар ибрози андешаронӣ намуд. Мавсуф ҳамчунин дар бораи нақш ва мақоми зан – модар дар пешравии ҷомеаи солим ибрози андешаронӣ намуда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки асоси давлат ва пойдории он аз оилаи солим, ки худ ҷузъи нахустини ҷамъият оғоз меёбад. Дар ин замина ҲХДТ зери Барномаи амалии хеш зери шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум» дар самти таҳкими оила ва таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ҳамеша талош менамояд. Инчунин ӯ таъкид намуд, ки ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон пуштибонӣ аз нақши зан-модар дар пешравии ҷомеа менамоянд. Албатта ин дастгириҳо ҷанбаи муҳим дорад, зеро оилаи солим таҳкимбахши сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, тараққиёти минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва рушди ҳаёти иҷтимоии миллат буда, омили пешгирии ҷавонон аз шомил шавӣ ба ҳар гуна равияҳои номатлуби ифротгаро мебошад.
Инчунин Гулистон Каримова дар бораи талаботҳои Оиннома ва Низомномаи ҲХДТ оид ба тартиби бақайдгирии узви ҲХДТ ва масъалаи қабул, бақайдгирӣ, сабти ҳаракати аъзои ҳизб суханронӣ намуда, қайд намуд, ки узви ҳизб вазифадор аст, ки талаботҳои бечуну чарои оинномавию барномавии ҳизбро риоя намояд, чунки риояи талаботҳои мазкур ҳисси масъулиятшиносии узви ҳизбро устувор гардонида, баланд бардоштани интизоми дохилиҳизбиро ба роҳ мемонад.
Сипас, дар фарҷоми чорабинӣ ба 5- нафар мураббияҳои Хонаи кӯдаконаи №2, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ пайвастанд дар вазъияти тантанвӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Мудири шӯъбаи
таблиғот ва иттилооти
КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: