«Ҷавонон - дар меҳвари Паём»9-03-2016, 14:20
Хабарро хонданд: 357 нафар
Назарҳо: 0
Зери мавзуи «Ҷавонон- дар меҳвари Паём» дар ташкилоти ибтидоии «Чароғи ҳидоят»-и кормандони МД Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» барои ятимдухтарони назди Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистсон чорабинӣ бо иштироки омӯзгорон ва хонандагони Марказ доир гардид.
Пеш аз ҳама директори Марказ, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Сорбони Зарнигор чорабиниро бо суханронии табрикоти ифтитоҳ намуд. Аз ҷумла ӯ аз рӯи мавзуи чорабинӣ суханрони намуда, қайд кард, ки баъди он ки Президенти маҳбубамон расман мақоми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатро соҳиб гардиданд, аввалин Паёми хешро ба мардуми шарифи Тоҷикистон расонданд. Ин Паём бори дигар собит сохт, ки таваҷҷуҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳаёту фаъолияти ҷавонон махсус буда, онҳо воқеан ҳам, ояндаи миллатанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба ҷавонон доранд ва ояндаи дурахшони Ватанро дар дасти онҳо дидан мехоҳанд. Аз тарафи дигар, ин таъкидҳо илҳомбахши кору фаъолияти худи ҷавонон мегарданд. Аз ҷумла дар Паём таъкид шуд: «Мо бо ҷавонони созандаи худ ифтихор мекунем, чунки ҷавонони даврони соҳибистиқлолии Ватанамон имрӯз бо нангу номуси миллӣ, ташаббусҳои шоиста ва эҳсоси баланди ватандорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз, ҳиссаи арзишманд мегузоранд ва ба Модар-Ватани худ содиқона хизмат мекунанд. Масъалаи муҳими дигаре, ки дар Паём таъкид ёфтааст, худомӯзию бозомӯзӣ ва умуман такмили ихтисос мебошад. Агар бо чашми хирад нигарем, ин масъала дархости кунунии ҷомеа аст. МД Маркази таълимии «Чароғи ҳидоят» бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади пеш бурдан ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони хизматрасонии Марказ, роҳ ёфтани онҳо ба таҳсилоти босифати муосир дар доираи стандартҳои ҷаҳонӣ ва давлатии таҳсилотӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, дар асоси арзишҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ, фароҳам овардани шароити муосир барои инкишофи давлат ва ҷомеа таъсис дода шудааст. Марказ фаъолияти хешро дар ду самт амалӣ намуда, дар роҳхати Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистсон ба ятимдухтарон ва духтарони аз парастории волидайн маҳрумшуда рушди дониш, таъмини манзил ва гирифтани таълим, тарбия ва омӯхтани касбро ба онҳо кафолат медиҳанд. Дар Марказ 56 нафар чунин ятимдухтарон ва духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ба онҳо 31 омӯзгорон аз рӯи ихтисосҳои нави таълимӣ дарс мегуянд. Сипас, А.Муминов – мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино зимни чорабини иштирок ва суханрони намуд. Мавсуф аз ҷумла дар бораи мақсад, вазифаҳо ва усулҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ва ҳукуқу вазифаҳои оинномавии узви ҳизб изҳори андешарони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнаш ба 18 солагӣ расидааст, Барнома ва Оинномаи ҳизбро эътироф менамоянд, узви ҳизб шуда метавонанд. Инчунин ӯ дар бораи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дарк намудани вазъи сиёсии сайёра, тақвияти мубориза алайҳи равияҳои тундгаро, ноустувории молиявию иқтисодии ҷаҳон ибрози андешарони намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки ҳамеша пайи илму дониш саъю талош намоянд ва фирефта чунин равияҳои номатлуб нагарданд. Дар фарҷоми чорабини ба 22 – нафар омӯзгорони ҷавоне, ки бори аввал ба узвияти ҲХДТ аъзо гардиданд, дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбиашон супорида шуд |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.