ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДӢ5-10-2016, 16:17
Хабарро хонданд: 444 нафар
Назарҳо: 0
Бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар варзишгоҳи шаҳри Исфара бо иқдоми шӯъбаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ аз рӯи намуди варзишии санъати муҳорибаи омехта (ММА) байни наврасон ва ҷавонон доир гардид. Дар ин мусобиқоти бонуфуз варзишгарон аз гӯшаву канори кишвар ҷамъ омада, ҳунар ва маҳорати ҷисмонии худро нишон доданд. Боиси хушнудист, ки донишҷӯи курси 2, факултаи муҳандисӣ-иқтисодии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, аъзои фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» Рашидов Хуршед дар ин мусобиқа хуб баромад намуда, соҳиби ҷойи аввал ва Ифтихорнома гардид. Медал ва ифтихорномаро дар вазъияти тантанавӣ раиси Федератсия санъати муҳорибаи омехтаи (ММА) Тоҷикистон Назаров Пӯлодҷон ба ӯ супорид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.