Ташкилоти ибтидоии “Вогиршинос” таъсис ёфт27-09-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 258 нафар
Назарҳо: 0
Дар арафаи ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Шоҳмансур бо иштироки Гулаҳмадов Зулфиқор- иҷрокунандаи вазифаи раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Комрон Баҳромзода- мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва кормандони Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Шоҳмансур маҷлиси таъсисиёбии ташкилоти ибтидоӣ доир гардид. Сароғоз Гулаҳмадов Зулфиқор ҷаласаро ифтитоҳ намуда, аҳли нишастро ба идҳои сипаригашта аз ҷумла ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта ба ҳозирин хушбахтӣ, сарбаландӣ, бурдборӣ, амалигардии тамоми орзуҳо ва хонаободиро таманно кард. Дар рафти ҷаласа аъзоёни ҳизб пешниҳод намуданд, ки Мирзоалиев Алимурод, раиси ташкилоти ибтидоӣ ва Ҳакимов Ориф муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ интихоб карда шаванд. Мирзоалиев Алимурод дар навбати худ барои бовари аъзоёни ҳизб ҷиҳати интихоб карданашон дар мақоми раиси ташкилоти ибтидоӣ изҳори қаноатмандӣ намуда зикр кард, ки ҳар як аъзои ҳизб бояд барои боз ҳам фарохтар намудани мавқею нуфузи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон масъулияти баланди ҳизбӣ зоҳир намояд. Инчунин барои амалисозии барномаҳои ҳизбӣ барои рушди босуботи Тоҷикистон пайваста саҳми хешро гузоранд. Ҳамзамон аъзоёни ҳизб пешниҳод намуданд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ “Вогиршинос” номгузорӣ карда шавад. Ширкаткунандагони маҷлис бошанд аз нақши ҲХДТ дар рушди босуботи Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуда, саҳмгузории худро дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб иброз доштанд. Комрон Баҳромзода, мутахассиси шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.