Таъсиси ташкилоти нави ибтидоӣ29-08-2016, 10:17
Хабарро хонданд: 195 нафар
Назарҳо: 0
23 августи соли ҷорӣ дар идораи оби шаҳраки ноҳияи Панҷ бо иштироки 17 нафар ҳизбиён ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсис додани ташкилоти нави ибтидоӣ бо номи «Арзанда» ҷаласа доир гардид. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Ё.Носиров баромад намуда, афзуд, ки мо дар арафаи таҷлили ҷашни биступанҷумин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем ва ба ин муносибат ҳамаи шумоёнро самимона табрик менамоям. Баъдан оиди истиқлолият, ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зииндагии шоистаи мардум ибрози ақида намуданд. Дар ҷаласа ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Арзанда» таъсис ва раиси ташкилоти ибтидоӣ Асламов Асомиддин ва муовини ӯ Сайфуддинов Раҳматулло интихоб гардиданд. Ҳамзамон қайд шуд, идораи оби шаҳрак дар маъракаи обуна фаъолона иштирок намуда, нақшаи обунаро ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари халқ» ва «Ҳамрози халқ» барои соли 2017 ба пуррагӣ иҷро намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.