Пирӯзии мо дар Ваҳдати миллӣ аст9-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 243 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мусофирбар» бо иштироки аъзоёни ҳизб ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадов З., Муродов Ҷ.Қ-мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур ва Муродова М-аъзои раёсати кумитаи мазкур маҷлиси тантанавӣ бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ доир гардид.
Зимни вохӯрӣ қайд гардид, ки бинобар сабаби ба кори дигар гузаштани раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Мусофирбар» Ғаниев Ҳамзаалӣ мо бояд бо пешниҳоди якҷояи аъзоёни ҳизб раиси нави ташкилоти ибтидоиро интихоб намоем. Номзадии Ҳусейнов Алиро кулли аъзоёни ҳизб дастгирӣ намуда, раиси ташкилоти ибтидоии «Мусофирбар» интихоб намуданд. Дар музокира низ кормандон баромад намуда, оиди ба даст овардани истиқрори сулҳи тоҷикон, заҳмати пайвастаи мардони миллат андешаронӣ намуданд.Муовини раиси Кумита иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадов З.А. аз дастовардҳои ҲХДТ, пешрафти Тоҷикистон суханронӣ намуда ҳозиринро ба рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.