Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баррасии бахтномаи миллат

Баррасии бахтномаи миллат

25-02-2016, 17:15
Хабарро хонданд: 470 нафар
Назарҳо: 0
Баррасии бахтномаи миллатҲафтаи сипаригашта, баррасии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фурудгоҳ” таҳти сарварии муовини аввали директори ҶСК фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қурбони Алимардон бо иштироки Гулаҳмадов Зулфиқор- муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муродов Ҷурабек -мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур, Муродова Муҳтарама, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фурудгоҳ” ва кормандони корхона доир гардид.

Сароғоз муовини аввали директори корхона Қурбони Алимардон масъулине, ки аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар ҷаласа иштирок доштанд хайрамақдам гуфта қайд намуд, ки ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳилаи имрӯзаи рушди давлатдории Тоҷикистон, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ хотирнишон сохтанд, аз ҷумла доир ба ҳифз ва таҳким бахшидан ба давлатдории миллӣ, густариши ҳисси ватандӯстӣ дар байни наврасону ҷавонон, муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеаи кишвар дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо», густариши фарҳанги сулҳ, ҳалли масоили ҷавонон, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва эҳтиром ба забони давлатӣ мебошад.

Ҳамзамон Муродова Муҳтарама- раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Фурудгоҳ” зикр намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳлили солонаи зинаҳои рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ва маҷмӯи дастуру тавсияҳои муҳим баҳри таъмини зиндагии шоиста барои мардуми кишвар мебошад, ҳамчунин он барои кормандони ҶСК фурудгоҳи байналмилалии Душанбе низ як барномаи муҳими танзими фаъолият мебошад.

Сипас, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадов Зулфиқор қайд кард, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои халқро ҳадафи аслии хеш медонад ва барои ободии ин марзу бум талош меварзад. Бояд, ки мо пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, масъулияти баланди ҳизбӣ зоҳир намуда, дар ҳаёти сиёсии кишвар якдилона ширкат варзем ва дар атрофи сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардем.

Дар фарҷоми ҷаласа ботантана ба муовини аввали директори ҶСК фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Қурбони Алимардон барои фаъолияти пурсамари таблиғотию ташвиқотӣ, хизматҳои шоён дар амалӣ гардидани сиёсати созандаю бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, таҳкими ваҳдат ва суботи сиёсӣ, дар баланд бардоштани эътибору нуфузи ҳизб дар байни оммаи мардум, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсии ҳизб доштанаш сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дода шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: