Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ёди шаҳидон зудуда нахоҳад шуд

Ёди шаҳидон зудуда нахоҳад шуд

27-09-2016, 12:30
Хабарро хонданд: 516 нафар
Назарҳо: 0
 Ёди шаҳидон зудуда нахоҳад шуд

22 сентябр дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо иштироки намояндагони ташкилот ва вазоратҳои ҷумҳурӣ, аҳли зиёву меҳмонони хориҷи кишвар маросими ёдбуди шаҳидони шаҳир Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд дойир гардид. Дар маросим иштирокчиёни зиёд оид ба зиндагинома ва нақши ин абармардон дар таърих ва сиёсати Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказиву ҷаҳон суханронӣ намуданд.

Азҷумла, гуфта шуд, ки ин ду қаҳрамони тоҷиктабори афғон баҳри озодии кишвари хеш ҷон бохтаанд, ки нақши неки онҳо ҳеҷ гоҳ аз хотираи таърихӣ зудуда нахоҳад шуд. Доктор Бурҳониддин Раббонӣ ва Шери Панҷшер, Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷумлаи он қаҳрамононе буданд, ки ҳаёти худро ба кишвар бахшидаву Афғонистонро бидуни озодӣ тасаввур карда наметавонистанд. Имрӯз корнамоиҳои шаҳидони роҳи озодии Афғонистон, билхоса ин ду тан на танҳо мояи ифтихори ҳамсоягони мо дар фаросӯи рӯдхонаи Панҷ, балки кулли мардуми тоҷик аст. Доктор Раббонӣ, профессори илоҳиёт аз зумраи афроде буд, ки қарор дод ба бедодгариҳои замона бетафовут набошад ва ҷамъияте ташкил намуд, ки дар он ҷавонмардони ғаюр ва сарсупурдаи миллат аз шумори Аҳмадшо Масъуду дигарон шомил шуданд, ки мақсади онҳо озодии Афғонистон ва саодати мардуми он буд.

Ҷамъияти Исломии Афғонистон ташкилоте буд, ки дар он ғайр аз тоҷикон, ки қисми асосиро ташкил медоданд, намояндагони дигар ақвоми кишвар низ аъзо буданд. Ин ҷамъият аз созмонҳои дигари мазҳабӣ тафовут дошт ва исломгароияш такя ба унсурҳои демократӣ буд. Агар инҳо исломгаро буданд, пас ҷаҳонбиниашон аз дидгоҳҳои ҷангҷӯёна ва таҷовузкоронаи дигар созмонҳои мазҳабӣ, ки ифротгароиву таҳаммулнопазириро сармашқи кори худ қарор дода буданд, аз замин то осмон фарқият дошт. Маҳз Ҷамъияти Исломии Афғонистон, ки дар ҷанги алайҳи Шӯравӣ аз пешгомони муқовимат буд, бо амалҳои ҷавонмардонаи хеш, аз қабили раҳм намудан ба асирон, дидгоҳи солим дар гуфтушунид ва дигар иқдомот миёни ҷониби рақиб ва дигар созмонҳои байналмилалӣ соҳибэҳтиром ва миёни мардуми Афғонистон низ аз муҳаббати хоса бархурдор буд. Ҳамин буд, ки баъд аз баровардани урдуи шӯравӣ аз хоки кишвар, ки акнун муборизаҳо барои ба даст овардани қудрати Кобул миёни иттифоқчиёни дирӯза-гурӯҳҳои муҷоҳиддин сар заданд, билохира ғалаба насиби ин Ҷамъият гардид ва Бурҳониддин Раббонӣ Раисҷумҳур таъин гашту Аҳмадшоҳи Масъуд вазири дифоъ. Ин ду нафар, ҳамчун тоҷикони асил, ба рӯйдоди фоҷиабори Тоҷикистон низ бетафовут набуданд ва ҳамеша кишвари моро ҳамчун Ватани хеш қабул доштанд. Дар самти ба даст овардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хидмати ин ду абармард нек арзёбӣ мешавад..
Замони раҳбарии ин абармардони сиёсат ба даврае рост омад, ки бозигари дигар, ки аҷнабиён созмон додаву ба фаъолияти густурдаи таҷовузкоронаи террористӣ таҳрик медоданд-ҳаракати Толибон ба саҳнаи рақобат ворид гардид. Ҳаракати пирӯзонаи ин созмони террористӣ, ки аз хориҷ ҳотамона маблағгузориву дастгирӣ медид, дар қисмати тоҷикнишини кишвар ба шикаст мувоҷеҳ шуд. Дараи Панҷшер ва дигар манотиқи тоҷикнишин ҳамчун устухон дар гулӯи ин созмони ифротгаро мубаддал гардид, ки нигоҳ накарда ба бартарияти чандинкарата аз ҷиҳати ҷангиёну силоҳ натавонистанд акнун қадаме пеш ниҳанд. Мардуми сарбаланди шимоли кишвар дарси муқовиматро бори чандум аст дар таърихи минтақа (ҷангҳои англису афғон ва Шӯравӣ) ба ҷаҳониён нишон медиҳад, ки намунаи он пасгардӣ ва шикасти миёншикани ҳаракати тавоное чун Толибон аст. Алянси Шимолӣ, ки роҳбариашро Шери Панҷшер ба ӯҳда дошт, бо сарсупурдагӣ ва муқовимати беназираш кишварҳои минтақа, азҷумла ҷумҳуриҳои пасошӯравии Осиёи Марказиро аз хатари ҳуҷумҳои ин ҳаракати муқтадири террористӣ эмин дошт, ки аҳамияти бузург барои таҳкими минбаъдаи оромишу суботи ин минтақаи паҳновар дорад.

Шуҳадои роҳи ростин барои сарсабзӣ ва шукуфоиву суботи кишвар ва минтақа ҷон бохтанд, ки хотираи мусбии онҳо акнун ливои миллат ва пайравӣ ба аъмоли қаҳрамонӣ ва ҷавонмардиашон шудааст. Зиндагиномаи онҳо китобест барои омӯхтани дарси ҷавонмардӣ ва Меҳандӯстӣ, хидмат ба мардум ва инсонсолорӣ. Ин нафарон ҳамчун шамъе буданд, ки роҳи саодатро дар торикии зулмот барои миллат равшан нигоҳ медоштанд. Шаҳидони шаҳир Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд аз зумраи ашхосе буданд, ки ҳамеша Афғонистони озод ва босуботу орӣ аз зиддиятҳои қавмиву мазҳабиро орзу мекарданд. Як нафар аз ин ду тан дар орзуи он буд, ки бозпас ба тадрис машғул бошад, дигарӣ силоҳро яксӯ гузошта, пайи сохтани кишвари валангоршуда бошад, чун муҳандис буд. Аммо душманони кишвар нагузоштанд, ки ин абармардон пайи роҳандозии ин мақсадҳои наҷибонаашон бошанд, ки ахиран бо амалҳои террористӣ риштайи умри ин шермардони миллатро барканданд. Марги ин абармардон ва дигар ҷавонмардони роҳи озодии кишвар рӯҳияи мардумро натавонист шикаст бидиҳад ва акнун пайравони онҳо пайи пиёда сохтани дастури ба меросгузоштаи шаҳидони шаҳир ҳастанд.

Дар ёдбуди Ҳафтаи Шуҳадо дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон чорабиниҳои зиёд, аз қабили додани хун ба сарбозон, гузаронидани рӯзҳои ободкорӣ ва дигар маъракаҳо гузаронида шуданд, ки мардум хотираи неки қаҳрамонони миллатро ба ин васила гиромӣ доштанд.

Азамат Дӯстов







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: