Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Умеди афғонистониён ба фардои рӯшан

Умеди афғонистониён ба фардои рӯшан

17-02-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 413 нафар
Назарҳо: 0
Умеди афғонистониён ба фардои рӯшан
Президенти пешини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай изҳор доштааст, ки Федератсия Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҳиндустон дар раванди музокироти сулҳи Афғонистон бояд ширкат варзанд.

Ҳомид Карзай дар суҳбат бо Агентии иттилоотии «Форснюс» иброз гуфтааст, ки нақши ин се кишвар дар минтақа басо муҳим аст ва дар хомўш сохтани оташи ҷанг дар Афғонистон ва музокироти сулҳи ин кишвар бо толибон аҳамиятнок мебошад. Аз ин рӯ дар баробари Покистон, ИМА ва Чин ширкати кишварҳои мазкур раванди гуфтугӯ бо толибонро таъсирбахш ва боваринок менамояд.

«Агар адами сулҳи Афғонистон дар мушкилиҳои дохилӣ бошад, пас мо бояд худамон барои ҳалли мухолифатҳо гуфтушунид намоем. Вале мушкилот дар Афғонистон ба омилҳои беруна вобаста аст. Бояд гӯям, ки манфиатҳои қувваҳои беруна кишвари моро фаро гирифтааст», - таъкид доштааст Ҳ. Карзай.

Ёдовар мешавем, ки барои таъмини сулҳу субот дар кишвари ҳамсоя ҳоло миёни ҳукумати Афғонистон ва намояндагони Толибон гуфтушинид идома дорад. Даври сеюми он 6 феврали соли равон дар Исломободи Покистон бо ҳамоиши гурӯҳи ҳамоҳангсози чорҷониба (Афғонистон, Толибон, ИМА ва Покистон) доир гашт.

Эҳтимол аст, ки ин музокирот ба рехтани хуни чандин нафари бегуноҳ дар мулки Афғонистон хотима бахшад, вале намояндагони кишварҳои Россия, Эрон ва Ҳиндустон дар музокироти толибон бо ҳукумати Афғонистон иштирок накарданд. Инҷо суолҳое ба миён меояд, ки дар ҳоли ширкат накардани Россия, Эрон ва Ҳиндустон мушкиле дар раванди ин музокирот пеш намеояд? Ва ё роҳи ҳалли он дар чист?

Роҷеъ ба суолоти боло коршиносони масоили сиёсиву иқтисодӣ бар он назаранд, ки давлатҳои манфиатдор дар Афғонистон ба монанди Амрикову Покистон чандон ҳавасманди дахолат ё ҳамроҳ шудани дигар қудратҳо ба мисли Россияву Эрону Ҳиндустон дар сулҳи Афғонистон бо гуруҳи толибон нестанд. Зеро кишварҳои пешрафтаи минтақа вобаста ба манфиатҳои иқтисодиву сиёсиашон хостори роҳандозии тарҳҳои бузург ба мисли роҳи оҳан, хатҳои барқ ва газ, аз кишварҳои собиќ шӯравӣ тавассути қаламрави Афғонистон ҳастанд.

Вакили парлумони Россия, узви Шӯрои Федератсия ва таҳлилгари масоили Ховари Миёна, Игор Морозов дар суҳбат бо хабарнигорон гуфтааст, ки раванди оштӣ (мусолиҳа) барои танзими сулҳу оромӣ дар Афғонистон ва минтақа барои Россия аз аҳамият холї нест. Зеро нооромии Афғонистон ба амнияти давлатҳои узви СААД, аз ҷумла ба Россия низ таҳдидҳову мушкилиҳои зиёдеро ба миён меорад.

«Мутаассифона, Маскав дар ин музокирот хоҳиши иштирок карданро надорад, вале барои мардуми афғон ва нерӯҳои қудратие, ки дар музокироти Афғонистон нақши калидиро мебозанд, мавқеъи Россия назаррас хоҳад буд», - изҳор доштааст Игор Морозов. Мавсуф ба вазъи сиёси дохилии Афғонистон аҳамияти хоса дода, мегўяд, ки барои фароҳам овардани шароити сулҳ дар Афғонистон ба омодагии интихоботи парлумонӣ тавваҷуҳи бештар бояд зоҳир намуд. Эҳтимол аст, ки гуфтушунид метавонад ба ҳалли ин масъала мусоидат намояд.

Ба боварии Муҳаммадюсуф Ҳиммат, коршиноси масоили сиёсӣ ҳукумати Афғонистон барои расидан ба сулҳ ба кўмаки Россия ва дигар кишварҳои минтақа ниёз дорад. Вале номбурда мегўяд, ки пеши роҳи онҳоро стратегияи иқтисодиву сиёсии баъзе аз қудратҳои бузург мегирад.

Тавре сафири Россия дар Афғонистон Александр Мантенский доир ба гуфтушуниди сулҳи Афғонистон дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, Маскав аз музокироти сулҳи ҳукумати Афғонистон бо толибон ҳимоят мекунад.

- Ба назари мо ҷанг дар Афғонистон роҳи ҳал нест ва мо барои таҳкими сулҳи ин кишвар гуфтугўйи Афғонистонро бо гуруҳи толибон дастгирӣ мекунем. Ҳамчунон мо умедворем, ки ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи толибон ба мусолиҳа биоянд, ки он ба манфиати мо низ ҳаст. Ҷониби Маскав талош дорад, барои орому осудагии Афғонистон омўзишҳои низомиро барои нерўҳои қудратии Афғонистон дар Россия фароҳам созад.

“Мо хоҳони сулҳ дар Афғонистонем. Худ аён аст, ки Афғонистон ҳам мехоҳад, Россия ба сиёсати умури Афғонистон мудохила намояд, вале ин бар хилофи манфиатҳои иқтисодиву сиёсии Амрикову Покистон мебошад. Агар барои поёни танишҳо ва ба ноамниҳои мавҷуда роҳи ҳал ҷустуҷў нагардад мумкин, ки ин буҳрон ба Россия ва ба кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири манфӣ расонад,” - таъкид намудааст Александр Мантенский.

Таҳлилгарон мегўянд, ки гирдиҳам омадани чаҳор кишвар ва гуруҳи толибон пушти мизи музокирот мардуми ҷангзадаи Афғонистонро дилгарм кардааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ин гуфтушунидҳо то кадом андоза ба танишҳо нуқта мегузорад.

Устоди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Кобул Файзуллои Ҷалол роҷеъ ба ҳаводиси Афғонистон ва дигар нуқтаҳои доғи ин кишвар иброз дошт:

«Ман фикр мекунам, ки 40 соли ҷанг дар Афғонистон беш аз ҳама ба мардуми Афғонистон таъсири манфӣ гузоштааст. Яъне дар ин ҷанг авомили беруна нисбат ба авомили дохилӣ аҳамияти бештаре дорад. Афғонистон дар шоҳроҳе миёни Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Осиёи Ҷанубу Шарқ қарор дорад ва кишврҳои пурқуввате, ки аз лиҳози газу нафт ва барқ бой ҳастанд, бо кишварҳое манобеи табиияшон камтар аст, маҳз Афғонистон онҳоро бо ҳам пайваст месозад. Дар ҳақиқат Афғонистон дарвозаи Осиёи Марказӣ аст ва аҳамияти геополитикӣ, геостратегӣ ва геоиқтисодӣ дорад. Ҳамин аҳамияти ҷуғрофӣ вазъро дар ин кишвар бисёр печида сохтааст», - иброз намуд Файзуллои Ҷалол.

Имрўз замоне расидааст, ки ҳукуматдорони Афғонистон ва қисми зиёди гуруҳи толибон барои ба мусолиҳа омадан байни ҳамдигар, тасмими ҷиддӣ гирифтаанд. Вале зиддиятҳои қавмї то ҳол мавҷуд аст, ки дар ин бора бархе аз таҳлилгари масолили сиёсӣ гуфтаанд, ки яке аз сабабҳои зиддиятҳо ва нофаҳмиҳое, ки дар Афғонистон мавҷуданд бештар ба сиёсати дохилии он вобастагии зич доранд: «Бояд ёдовар шуд, ки зиддияти «назарӣ ва сиёсӣ» миёни ду бахши ҷомеаи Афғонистон то ҳол боқї мондааст. Ин зиддияти ду дидгоҳи гуногун нисбат ба ояндаи сиёсии Афғонистон таъсири манфї хоҳад расонд. То он даме, ки тарафҳо яъне қавми пашту ва ақаллиятҳои шимоли Афғонистон созиши мақбуле дар ин маврид пайдо накунанд, мубориза барои қудрат ва дастрасӣ ба захираҳои сиёсию иқтисодии ин кишвар идома хоҳад ёфт».

Дар бораи вазъияти ноороми Афғонистон намояндаи махсуси президенти Федератсияи Россия ва роҳбари дуюми Раёсати Осиё дар Вазорати умури хориҷии Россия Замир Кабулов ибрози андеша намудааст: « Дар ҳоле, ки аз музокирот натоиҷи муҳиме ба назар нарасидааст, пас барои сарф намудани ҷаҳду талошҳои гуруҳи ҳамоҳангсози чоргона ва ҳаракати толибон ба хотири ташкил намудани ҳамоиши музокирот баҳои баланд додан барвақттар аст. Ва бояд гӯям, ки ширкат накардани мо дар ин гуфтушунид маънои онро надорад, ки Россия ҷонибдори ин музокирот нест».

Вазири корҳои хориҷии Покистон, Амҷад Ҳусайн Сиал дар нишасти чоргона пеш аз ба музокирот даъват намудани гуруҳи толибон, нақши муҳим доштани онҳоро барои тарроҳии харитаи хатҳои стратегӣ ба хотири доду гирифти тиҷоратӣ таъкид дошт: «Толибон бояд бо ҳукумати Афғонистон якҷоя барои бартараф намудани мушкилиҳои низомиву амниятии Афғонистон чораҳои назаррас биандешанд».

Соли гузашта барои хотима додани задухўрдҳо байни низмоиёни ҳукумати Афғонистон ва ҷангиёни гуруҳи толибон нишастҳои ба мусолиҳа омадан дар шаҳри Мурии Покистон оғоз гардид. Замоне, ки хабарҳо дар мавриди марги роҳбари гуруҳи террористии толибон, Мулло Умар паҳн шуд, то як муддат гуфтушунидҳо байни ҳукумати Афғонистон ва гуруҳи мазкур ба таъхир афтод. Вале имрўз ҷонибҳо боз дар пайи ҷустуҷўйи манфиатҳои хеш буда, гуё ба гуфтаи намояндагони чоргона музокиротҳои ба амал расидаву ба нақша гирифта, барои овардани сулҳ ва субот дар хоки Афғонистон таъсири мусбат хоҳад расонд. Ҳоло чунин ба назар мерасад, ки гурӯҳи толибон барои Покистону Амрико василае шудааст, то дар Афғонистон нуфузу эътиборашонро нигоҳ доранд. Дар ин миён давлати Чинро ҳамчун миёнарав вориди музокирот намуданд, то минбаъд Пекин дар ҳамкорӣ бо ҳукуматдорони Афғонистон ва намояндагони толибон сармояи бузургашро дар Кобул татбиқ созад. Дар ин миён Россия, Эрон, Ҳиндустон ва ҳатто таҳлилгарони аз Арабистони Саудӣ ном мебаранд, ки ҳарчанд зоҳиран аз раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон ҷонибдорӣ менамоянд, вале амалан дар сиёсатҳои хориҷиашон як навъ аз усулҳои таъсиррасонӣ кор гирифта истодаанд.

Афғонистон, ки ба унвони «Қалби Осиё» ном бурда мешавад, барои раҳоӣ аз терроризм ва ифротгароӣ ниёз ба ҳамкориҳои минтақавӣ дорад ва дар он нақши ҳамаи кишварҳои дар боло зикр шуда, бориз аст. Аммо, як масъалаи нозук ва побарҷои дигар низ вуҷуд дорад.

Дар Афғонистон 40 сол боз ҷанг идома дорад ва наздики 20 сол боз қудратҳои бузург гўё як навъ барои ҳифзи арзишҳои инсонӣ, дифоъ аз ҳуқуқҳои шаҳрвандон мубориза мебаранд, аммо дар таъмини оромиву осудагӣ муваффақ нашудаанд. Ба ин ҳол мардуми афғон дарк намудаанд, ки ин ҷо зери коса нимкосае ҳаст. Ҳоло ағлаби мардуми ин мамлакат аз фиребу найрангбозии сиёсати абарқудратҳо, хусусан ҳамсоякишварашон Покистон дар хоки Афғонистон хаста шуда, тақрибан умедашонро барои расидан ба ваҳдати ягона кандаанд. Аз паҳлӯи дигар мебинем, ки хурду калони мардуми сарбаланди афғон ин ҳарфҳоро ба забон меоранд: «ноумед аз раҳмати Худо, фақат шайтон аст». Ва қотеъона аз давлатмардонашон талаб доранд, ки сари мизи гуфтугӯ, машварати дӯстонаеро анҷом диҳанд ва ҳарчї зудтар ба халқи ҷафодидаву ҷафокашидаи афғон ҳаёти осоиштаро оранд.
©Бахтовар Холов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: