МАРОСИМИ СУПОРИДАНИ ҶОИЗАҲО БА ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ УМУМИҶУМҲУРИЯВИИ «КИТОБДОР, КИТОБХОНА ВА КИТОБХОНАИ ШАХСИИ СОЛ» ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛИ 2015 БАХШИДА БА «РӮЗИ КИТОБ»-4 СЕНТЯБР6-09-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 765 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшида ба «Рӯзи китоб»-4 сентябр, санаи 5 сентябри соли 2016 дар бинои Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, маросими супоридани ҷоизаҳо ба ғолибони Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли 2015 баргузор гашт.
Мақсади асосии озмун ин баланд бардоштани мақоми китоб, самаранокӣ ва сифати кори китобдор ва китобхона дар ҷомеа, ташвиқ ва тарғиби соҳаи китобдорӣ, муайян ва муаррифӣ намудани фаъолияти босамар дар байни китобхонаҳо ва кормандони он, ҳавасмандгардонии китобдорону китобхонаҳо ва ташвиқу тарғиби мутолиаи китоб дар байни аҳолии кишвар мебошад. Кумитаи тадорукоти Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тибқи муқарароти Низомномаи Озмун аз санаи 25 июн то санаи 20 августи соли 2016 аз довталабон-номинантҳо ҷиҳати иштирок дар Озмун 82 адад ариза қабул карда шуд. То санаи 20 августи соли 2016 ба унвонии Кумитаи тадорукоти озмун 26 ариза ҷиҳати иштирок дар озмун аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи сол», 44 ариза аз рӯи номинатсияи «Китобдори сол» ва 12 ариза аз рӯи номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» бақайд гирифта шуд. Иштирокчиёни озмун ба воситаи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида аз ҷониби Ҳакамони озмун баҳогузорӣ карда шуданд. Дар асоси қарори Ҳакамони Озмун барои ишғоли «ҶОЙИ ЯКУМ» дар номинатсияи «Китобдори сол» Валиев Ҷамил, Сардори шуъбаи хизматрасонии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 1» бо туҳфаи хотиравӣ «Чангкашак», дар номинатсияи «Китобхонаи сол» Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин (ш.Қурғонтеппа), ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 1» бо туҳфаи хотиравӣ «Чангкашак» ва дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» Китобхонаи шахсии Ҳакималӣ Назаралиев (ш.Ҳисор), ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 1» бо туҳфаи хотиравӣ «Чангкашак» мукофотонида шуданд. Дар асоси қарори Ҳакамони Озмун барои ишғоли «ҶОЙИ ДУЮМ» дар номинатсияи «Китобдори сол» Сайтоҷов Маҳсуддин, Директори маҷмуи китобхонаҳои марказонидашудаи ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон, ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 2» бо туҳфаи хотиравӣ «Дарзмол», дар номинатсияи «Китобхонаи сол» Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ (ш.Кӯлоб), ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 2» бо туҳфаи хотиравӣ «Дарзмол» ва дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» Китобхонаи шахсӣ-ҷамъиятии «Вализодагон», (ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, вилояти Хатлон), ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 2» бо туҳфаи хотиравӣ «Дарзмол» сарфароз гардонида шуданд. Дар асоси қарори Ҳакамони Озмун барои ишғоли «ҶОЙИ СЕЮМ» дар номинатсияи «Китобдори сол» Аёзова Басхотун, Мудири китобхонаи деҳаи Шидз-и Китобхонаҳои системаи марказонидашудаи ноҳияи Рӯшон, Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ), ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 3» бо туҳфаи хотиравӣ «Таҷҳизоти DVD-плеер», дар номинатсияи «Китобхонаи сол» Китобхонаи илмии Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон, ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 3» бо туҳфаи хотиравӣ «Таҷҳизоти DVD-плеер» ва дар номинатсияи «Китобхонаи шахсии сол» Китобхонаи шахсии Ғиёсов Адҳам (ш.Душанбе), ҷоизаи «Гран-при»- «Дипломи дараҷаи 3» бо туҳфаи хотиравӣ «Таҷҳизоти DVD-плеер», қадрдонӣ карда шуданд. Тибқи қарори Ҳакамони озмун Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, бо «Дипломи дараҷаи махсус», Ҷоизаи сатҳи олӣ «ГРАН-ПРИИ ОЗМУН» ва туҳфаи хотиравӣ «Телевизор» сарфароз гардонида шуд. Тӯҳфаҳои хоиравӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии "Маркази миллии патенту иттилоот"-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон супорида шуд. Озмуни умумиҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи се номинатсия «Китобдори сол», Китобхонаи сол» ва «Китобхонаи шахсии сол» дар ду сол як маротиба гузаронида мешавад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.