Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДАРСИ СУЛҲ ДАР ГИМНАЗИЯИ 53-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ.

ДАРСИ СУЛҲ ДАР ГИМНАЗИЯИ 53-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ.

2-09-2016, 13:30
Хабарро хонданд: 338 нафар
Назарҳо: 0
ДАРСИ СУЛҲ ДАР ГИМНАЗИЯИ 53-И НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ.

Дар Гимназияи 53 ба номи М. Маҳмудова дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ рузи 1-сентябр дасри сулҳ дар ҳамаи зинаҳои таълимӣ гузаронида шуд.
Дар толори маҷлисгоҳи гимназия хонандагони синфҳои болоӣ суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мустақиман тамошо намуданд.

Сипас меҳмонон аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокуратураи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди омузгорону хонандагон баромад намуда хонандагонро бо фарорасии Рузи дониш самимона табрик гуфтанд.

Дар рузи якуми соли таҳсил хонандагони гимназияи мазкур бо хушҳолии зиёд, бо сару либоси ягонаи мактабӣ ва шукургузорӣ аз ободиву осоиштагии ватани маҳбубашон роҳ сӯйи гимназия гирифтанд. Хонандагони синфҳои болоии гимназияи аз дидори устодону ҳамсабақони худ хушҳол гардида, иброз доштанд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки имрӯз бо ташаббуси Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф муҳаё шудааст сатҳи донишандузии худро баланд хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки дар Гимназияи 53 ба номи М. Маҳмудова 2148 нафар хонандагон ба таълиму тарбия фаро гирифтаанд, ки ба онҳо 102 нафар омузгорони таҷрибадор дарс мегӯянд. Айни ҳол дар гимназияи мазкур тамоми шароитҳо барои таълим муҳаё карда шудааст ва ҳайати коллективи омузгории гимназия тасмим доранд, ки дар соли нави таҳсил сатҳи таълиму тарбияро баланд бардошта хонандагонро дар рӯҳияи худшиносиву худогоҳӣ тарбия намоянд.

Ҳамчунин Рӯзи дониш дар ҳамаи муаассисаҳои таълимии ноҳияи Исмоили Сомонӣ таҷлил карда шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ







Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: