Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Шашмақом барои кӯдакон

Шашмақом барои кӯдакон

3-06-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Шашмақом барои кӯдакон
Бо ташаббус ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шҳри Истаравшан маъмурият ва толибилмони Гимназияи №4 ба муносибати Рузи ҳифзи кудакон маҳфили адабӣ-мусиқиро дар толори калони Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатӣ барпо намуданд. Гуфтан ба маврид аст, ки дар Гимназияи №4 махфили «Шашмақомхонон» амал менамояд, ки онро омӯзгори варзида Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фурқат Шарифов роҳбарӣ дорад. Дар ин махфил зиёда за 124 нафар санъаткорон иштирок намуда ҳунари волои овозхонии худро дар он сайқал медиҳанд. Хушбахтона, бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат 12 май дар қаламрави Тоҷикистон чун рӯзи «Шашмақомхонӣ» таҷлил карда мешавад. Ин ғамхорӣ ва таваҷҷӯҳи Сарвари давлатамонро нисбат ба ин мероси бою ғании ниёгон боз як бори дигар нишон медиҳад. Композитсияи адабиро нахуст муаллимаи мактаб Шаҳло Шарофова ҳусни оғоз бахшид. Сипас, хонандагон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ дар васфи Ватан, модар, мактаб, муаллим шеърҳо қироат намуданд. Дастаи «Шашмақомхонҳо»-и дабистон аз ашъори рангини Лоиқ Шералӣ сурудҳои хеле зебо хонданд. Дар махфил муовини Раиси шаҳр Нигора Ҳайдарзода баромад намуда ба ташкилкунандагони махфили адабӣ ба маъмурияти Гимназияи №4 ва омӯзгорони он миннатдории худро изҳор кард. Аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шҳри Истаравшан Матлуба Мухторова баромад карда, изҳор намуд, ки барои гузаронидани махфили адабӣ маъмурияти Гимназия ва омӯгорони он хеле заҳмат кашидаанд. Намояндаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии вилоят Фирдавс Ҳоҷиев-мудири шӯъбаи иттилоот ва баромад намуда, ба маъмурияти Гимназия, омӯзгорону толибилмони он арзи сипос намуд ва зикр кард, ки чорабинии мазкур бо тайёрии пухта гузаронда шуда, ба иштирокчиён таассуроти бою рангине гузошт. Сипас, Сипоснома Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғдро ба директори Гимназияи №4 Баҳром Примқулов супорид. Инчунин иштирокчиёни маҳфил бо тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроия қадрдонӣ карда шуданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: