Ниҳоли пурбори сари роҳ31-08-2016, 11:24
Хабарро хонданд: 535 нафар
Назарҳо: 0
Нархи помидор ин мавсим гарон буд, кишоварзон мегӯянд: «Хокбориш зарар кард, ниҳолҳо хушк шуданд…» Аммо дар сари роҳи калон як буттаи помидор 12 дона ҳосил дод. Саҳар бо мошини дӯстам Азиз Сангов, ки дар яке аз ширкатҳои истеҳсолии шаҳри Душанбе кор мекунад, чун ҳамеша ба кор мерафтем. Ҳамроҳам дар маҳаллаи «Километри 9-ум» суръатро паст карда, гуфт: - Як сари қадам бозорро тамошо мекунем? Ман, ки чандон ҳавсалаи фаромаданро надоштам, дудилагӣ кардам. Аммо пас аз он ки мошин дар канори роҳ қарор гирифт, ҳамроҳам хоҳиш кард: - Ака, фароед, аз шумо чӣ меравад, дукаса ангурфурӯшҳои сари роҳро як мебинем, маъқул шавад, каме барои ҳамкорон ангури ҷавз мегирам. Ба бачаҳо ваъда кардаам. Хайрият фаромадам! Баробари аз мошин поин шудан дар марзаи сари роҳ манзараи ҷолиберо дидам: Канори дарахти сӯзанбаргу паҳлуи буттаи гул ниҳоли пурбори помидоре рӯйида буд, ки 9-10 кӯраки помидор дошт. Ба назар аҷиб менамуд, сари роҳи калони мошингузари Ваҳдат – Душанбе, канори роҳи пиёдаравҳоу ду-се метр дуртар аз дӯконҳои фурӯши маҳсулоти гуногун ин як ниҳоли саропо пури ҳосил месабзид. Ба назар ин қадар ҷолиб наметофт, агар чанд дақиқа пеш суханони шикваомези як нафарро, ки дар мошин бо мо ҳамроҳ меомад, намешунидам. Он мард мегуфт: - Қариб як ҳазор ниҳоли помидор шинондам, пас аз рӯзҳои хокбориш зарду хушк шуданд. Ноилоҷ канда партофтему ба ҷояш дони ҷуворимакка шинондем. Ба тақдири мо дар бозор ҳоло нархи ин маҳсулот 4- 5 сомонӣ аст… Бо дидани ниҳоли помидори сербор ва бо ёдоварӣ аз суханони он марди норозӣ, ки чанд дақиқ пеш шунидам, он чӣ акнун пеши назарам буд, муъҷиза менамуд. Дар дили ҳар нафаре ҳам шояд дар ин лаҳзаҳо саволе пайдо шавад, ки чаро табиат чунин амал мекарда бошад? Яке бо сад ормону мақсад замин меронад, кишт мекунаду ниҳол мешинонад, ҳосилаш ҳеҷ аст, аммо тухми ин як ниҳол, ки тасодуф бари ин буттаи гул афтидааст, бо чунин зебоӣ ва пурҳосилӣ бегазанд месабзад? Маълум, ки ба туфайли ғамхории кормандони хоҷагии роҳ ва фаррошоне, ки ин қисмати роҳро мерӯбанду тоза нигоҳ медоранд, ин ниҳол чунин хуб нашвунамо дорад. Ва ё шояд шамоли гардиши мошинҳо шароити рушди ин ниҳолро дурусту муносиб кардааст, намедонам. Ба ҳар сурат ниҳоле, ки дар паҳлуи бозори «Маршалл» рӯйидааст, бовар дорам, натанҳо ман, балки диққати даҳҳо нафари дигарро ҳам бо ҳузури худ, бо ҳосили бенуқс ва зебояш ба худ ҷалб мекунад, қобили андеша аст. Андешаи он ки шояд дар оянда бо бардошт аз ин таҷриба баробари гулпарварӣ дар бархе аз қитъаҳое, ки дар шаҳр кабудизор мешаванд, растаниҳои ҳосилдеҳ ҳам парвариш кунем. Чунин кор аз як тараф агар барои тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳияи зебоипарастию табиатдӯстӣ, аз сӯи дигар, андаке ҳам бошад, ҷиҳати таъмини озуқаворӣ мусоидат хоҳад кард. Зебоиеро, ки то чанд рӯзи дигар ин ягона ниҳоли пурбор барои атрофиён ва роҳгузарони тезбин арзонӣ медорад, дар фикр афтодам, ки чӣ тавр ба дигарон ҳам нишон диҳам. Яке дастгоҳи суратгирӣ ба ёдам расид, ки дар ҷайбам буд, онро бароварда, ба сӯи ниҳол рост кардам. Чун дидам, ки ҷавони фурӯшандаи наздиктарин дӯкон (эҳтимолан нигаҳбони ин ниҳол), ба ҳайрат чӣ кор карданамро назорат мекунад, зарур донистам, ки розигиашро гирам: - Агар иҷозат бошад, аксашро мегирам. Ҷавон ҳам бо лабханд гуфт: - Бемалол, ака. Кирои тамошо ҳам ҳаст. Ин рӯзҳо чандин кас бо ҳавас омада, нигоҳаш мекунанд… Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.