Душанберо дигаргуна дидам4-08-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 592 нафар
Назарҳо: 0
нигоштааст журналист Олга Калинина
Баъди мутолиаи мақолаи мухбири нашрияи «Комсомолская правда» Пан Пономарёв, ки ба қавле аз таассуроташ дар Тоҷикистон навиштааст, нафратам ба чунин хабарнигорони ғаразкор ва ҳақиқати ҳолро пӯшанда афзун шуду мақолаи Олга Калинина дар бораи Тоҷикистон ва пойтахти он-шаҳри дилорои Душанбе пеши назарам омад. Ба худ андешидам, ки чаро ин бону воқеиятро нигоштаасту ҷаноби Пономарёв нисбати тоҷикон туҳмату таҳқирро раво дидааст. Бинобар ин лозим донистем, ки мақолаи Олга Калининаро дар тарҷума манзури хонандагон намоем. Олга Калинина – рӯзноманигори Ҷумҳурии Қирғизистон баъди дидани пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе таассуроташро дар ҳафтавори ҷумҳуриявии «Дело №» таҳти унвони «Душанбе-город-понедельник» менависад, ки тоҷикони ҳақиқӣ ба персонажҳои масхарабоз - Равшану Ҷамшут ягон умумияте надоранд… Ин ҷо мехоҳам қиссаеро нақл намоям, ки чӣ тавр кормандони ҷустуҷӯи ҷиноӣ бо маслиҳати пешакӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон дар Душанбе ҷамъ омада, чиро интизор буданду чиро диданд? Тасаввуроти мо дар бораи ин шаҳр қаблан тамоман дигар буд. Гумон мекардем, ба қишлоқе меравем, ки як ҷои беоб аст. Аҳолиаш бошад, саросар ришдору шубҳаноканд. То он лаҳза, росташро гӯем, ҳамеша бо он фахр мекардем, ки дар Қирғизистон, маҳз дар Бишкек барин шаҳри зебо зиндагонӣ мекунем. Гумон мекардем, ки мо пешрафтаву нисбат ба ҳамсояаамон зиндагии хубтар дорем. Мехостем дар суҳбат бо ҳамкасбони тоҷикамон аз ҳамин хусус ёдовар шавему онҳоро тасаллӣ диҳем, «ҳеҷ гап не, баъди 20 сол мебинед, ки шумо ҳам дар сатҳи тараққиёт аз мо мегузаред». Якумин чизе, ки диққат додем, набудани ришдорҳо буд. Яъне симои террористмонанди ҷавонони ришдорро надидем. Дар ин ҷо ҳеҷ гуна қонун дар бораи манъ будани ришмонӣ амал намекунад. Дуюм - кӯчаҳои Душанбе, росту тозаи асфалтпӯш мебошанд. Сеюм - ягон партовгоҳи бӯйнок дар шаҳр нест. Душанбе ғарқи кабудизор аст, на ифлосиҳо. Натанҳо «мент»-ҳои қирғиз аз тасаввуроти пешинаашон дар ҳайрат монданд, инчунин дигар шубҳаҳои онҳо ботил баромад. Дар интернет ҳамин хел суханҳои сайёҳонро: - «мо фикр кардем, Душанбе-ин деҳаи ифлос… Дар асл бошад, шаҳри зебои фарҳангиест», хонда будем. Якумин чизе, ки ман дар Душанбе мушоҳида кардам, ин бениҳоят меҳрубон будани мардони тоҷик мебошад. Онҳо дар нақлиёт ҷои нишасти худро ба занону одамони солхӯрда холӣ мекунанд ва ҳатто ба онҳо ҳангоми аз мошин баромадану ворид шудан ва ҳатто нишастан кӯмак мерасонанд. Сокинони Душанбе одамони ниҳоят меҳрубону меҳмоннавоз ва ботамкину беташвишанд. Худро арзанда нигоҳ медоранд. Бо мароқ ба суҳбат ҳамроҳ мешаванд, коре афтад, муфассал мефаҳмонанд, нишон медиҳанд ва комёбӣ мехоҳанд. Роҳравҳои Душанбе бисёр маъқул шуданд. Онҳо олиҷаноб, рост, васеъ, тозаю озодаанд, на мисли Бишкеки мо. Чанд рӯз қабл аз сафари ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна омадам. Қазоқистону Ӯзбекистон ва Тоҷикистону Қирғизистонро тамошо кардам. Чунин муносибати одамонро, ки дар мардуми тоҷик ҳаст, ҳеҷ гоҳ ва ҳаргиз во нахӯрдаам. Ман худро гӯё дар хона ҳис мекардам, ҳарчанд онҳо барои ман одамони ношинос буданд, лекин дар ҳама ҷо маро ана ҳамин тавр қабул мекарданд. Қаблан ба Тоҷикистон рафтан бароям бисёр воҳиманок менамуд. Чаро чунин эҳсосот маро фаро гирифта буд? Бо ҳамон Равшану Ҷамшут, ки аз тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионии Россия пайваста намоиш медиҳанд. Лекин тоҷикони ҳақиқӣ ба ин персонажҳои бофтаи масхарабоз ягон умумияте надоранд. Онҳо одамони зиёие мебошанд, ки аз таҳти дил барои Ватану зебоии шаҳри худ кӯшиш мекунанд. Душанбе бениҳоят шаҳри зебо будааст. Ҳамаҷо тозаю озода, аз ҷиҳати меъморӣ зебо, дорои боғҳои зиёд, гулгаштҳо, фаввораю ҳайкалҳо мебошад. Ба маврид аст бигӯям, ки дар бораи ҳамаи кишварҳои сафаркардаам албатта ҳукм бароварда наметавонам, аммо аз рӯи табъи болидаи сокинони Душанбе намегӯӣ, ки Тоҷикистон дар сатҳи қашшоқӣ қарор дошта бошад. Ҳама дар мошинҳои хориҷӣ мегарданд, хонаҳояшон бо мебелу техникаҳои маишӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Антеннаҳои моҳвора аз ҳар як тиреза дида мешаванд. Дар паҳлӯи онҳо бошад, кондисионерҳо часпонида шудаанд. Хулоса, ягон камбизоатӣ мушоҳида намешавад. Дар асри 17 дар чорроҳаи Осиё деҳае арзи вуҷуд кард, ки рӯзҳои душанбе ҷои бозор, яъне хариду фурӯши маҳсулот буд. Бо мурури замон ин ҷо васеъ шуда, ба маркази ҷумҳурӣ табдил ёфт. Ана ҳамин тавр номи он бетағйир монд. Пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо аз ҳама тараф кӯҳҳо иҳота кардаанд. Ба назар чунин менамояд, ки он дар зери косаи чуқур ҷойгир бошад. Замоне ба воситаи ин водӣ сокинони таҳҷоӣ, чуноне ёдовар мешаванд, Роҳи бузурги абрешим мегузаштааст ва рӯзҳои душанбе аз тамоми вилоёт ба ин ҷо омада тиҷорат мекардаанд. Душанбеи имрӯза маркази фарҳангӣ, иқтисодию сиёсии мамлакат мебошад. Дар назди биноҳои хуштарҳи замонавии классикӣ, чун анъана палови хушбӯй тайёр мекунанд. Мӯйсафедон дар чойхонаҳо ба якдигар чойи сӯзон дароз менамоянд. Дар шаҳр бо автобусу троллейбус ё «маршрутка» ҳаракат кардан аз ҳама беҳтар аст. Бояд қайд кард, ки тамоми нақлиёти паркҳо ҳозиразамон буда, намунаи мошинҳои давраи шӯравӣ кам ба назар мерасанд. Роҳкиро дар автобус аз 10 сент зиёд нест. Аксар сайёҳони хориҷӣ истифодаи таксии шахсиро афзалтар медонанд. Қариб тамоми онҳо (аз ҷумла шахсӣ низ) бо ҳисобкунакҳо мучаҳҳаз буда, онҳо барои аниқ ҳисоб кардани роҳкиро ёрӣ мерасонанд… ва ягон қаллобӣ нест. Ҳатто мошину ронандаашро иҷора гирифтан мумкин аст. Ин кор барои шумо дар як шабонарӯз ҳамагӣ 50 долларро ташкил медиҳад.. Бисёр сокинони Душанбе кӯшиши забони русиро омухтан доранд. Дар синфҳои русӣ, то 50 нафар кӯдаконро барои таҳсил қабул мекунанд. Душанбегиҳо пӯшидани либосҳои равшану зеборо дӯст медоранд. Ҳатто дар рӯзҳои гарм мардони онҳо метавонанд костюм пӯшида, галстук банданд. Ва ҳатто метавонанд бо либоси оддӣ ба кӯча бароянд. Албатта, бисёр занҳои зебои тоҷик дар хонаҳояшон нишаста, корҳои хонагӣ ва машғули тарбияи фарзанд буданро афзалтар медонанд. Дар Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон на танҳо аз шаҳри Душанбе, балки аз дигар гӯшаҳои Тоҷикистон таҳсил мекунанд. Айни ҳол он бонуфузтарин мактаби олӣ дар Душанбе мебошад. Ҳайати омӯзгорон намунаи беҳтарини зиёиёни илму фарҳанги тоҷикон буда, дар байни донишҷӯёни ин таълимгоҳи олӣ тоҷикон, ӯзбекҳо, русҳою тоторҳо ва немисҳои таҳҷоӣ таҳсил мекунанд. Чуноне сокинони маҳаллӣ мегӯянд, онҳо намунаи беҳтарини арӯсу домодҳо хоҳанд шуд. Аҳолии пойтахти тоҷикон аз миллион гузаштааст. Дар ин ҳолат ҳаҷми партовҳои маишӣ, истеҳсолӣ рӯз то рӯз бояд афзояд. Вале он баръакс, беҳад кам мешавад. Ҳар сол дар фасли тобистон аз Душанбе тақрибан 800-1000 тонна ахлоту партов кашонда мешавад, - мегӯянд намояндагони ҳукумати шаҳр. Дар давраи зимистон бошад, ин рақам 600-700 тоннаро ташкил медиҳад. Ин ченакест, ки хуб будани вазъи ахлоткашонии шаҳрро дар сатҳи зарурӣ нишон медиҳад. Бо ташаббуси Раиси шаҳри Душанбе барои беҳтар шудани тозагию покизагии шаҳр, дар ахлотҷойҳо камераҳои наворбардорӣ гузошта, ба онҳо назоратчиҳоро вобаста карданд. Сокинон қайд мекунанд, ки баъди ин иқдом ҳолати ахлотҷойҳо ҳақиқатан ҳам беҳтар шуд. Ба замми он партофтани ахлот дар муҳлати муқаррарӣ, ҳатман аз соати 17 то 23 сурат мегирад. Дар ҳолати риоя нагардидани ин тартибот сокинон ба андозаи 120 сомонӣ (қариб ҳазору сесад сом) ҷарима месупоранд. Ва ахлотро аз қуттиҳо (контейнер) кадом вақте хоҳанд не, ҳатман ду маротиба дар якшабонарӯз мебаранд. Ҳамчунин ҳайвоноти хонагӣ, ба монанди гову гӯсфанд доштани шахрвандон манъ мебошад. Дар ин бора қарори махсуси ҳукумати шаҳр амалӣ гаштааст. Мумкин на ҳама чиз дар пойтахти тоҷикон хубу гуворо бошад, чӣ хеле, ки меҳмонони хориҷӣ гумон мекунанд. Шояд худи душанбегиҳо камбудиҳои шаҳрашонро, ки ба онҳо мумкин маъқул набошад, донанд, лекин он чи ки Душанбе бо кӯчаҳои тоза, биноҳои зебо ҳамто надорад ва сари вақт проблемаҳои маишии худро ҳал карда, таваҷҷуҳи сайёҳонро пеш аз ҳама ҷалб менамояд, - ин далели муътамад аст. Ана дар ҳамин хусус роҳбарони шаҳри Бишкек низ андеша мекарданд, олам гулистон мешуд. Аз русӣ тарҷумаи Шералӣ Мустафоқулов, журналист |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.