Вохӯрӣ26-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода мақсад дорад, ки аз рӯи нақшаи корӣ бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аҳолии 9 ҷамоат ва ҳудуди шаҳр то санаи 06.09.2016 вохӯриҳо гузаронад. Дар санаи 25.08.2016 бо аҳолии ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти Пахтаобод ва Қаратоғ вохӯрӣ гузаронида шуд, ки дар ин вохӯриҳо раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода М. Азизова, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода М. Маҳмадшоев, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр У. Ҳалимов, раиси ҷамоати деҳоти Пахтаобод Саидамирзода М, раиси ҷамоати деҳоти Қаратоғ Шарипов Т. ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода Ш. Зиёдуллоев иштирок намуданд. Вохӯрӣ самимӣ ва таъсирбахш гузашт |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.