Силсила вохӯриҳои таблиғотӣ9-02-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 225 нафар
Назарҳо: 0
Силсила вохӯриҳо доир ба баррасии муҳтавои Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Гуруҳи таблиғотчиён аз вакилони маҷлиси вакилони халқии шаҳр, собиқадорону аъзоёни фаъоли ҳизб ва кормандони КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода ташкил шуда, дар байни мардум нуқтаҳои асосии Паёмро баррасӣ намуданд. Дар ин ҳошия, аз санаи 4-ум то 8-уми феврал низ дар 5 ҷамоати деҳот, 10 вохӯрии дигар доир гардид, ки 2,5 ҳазор сокинони ҷамоатҳои деҳоти мазкури шаҳрро дар бар гирифт. Бо мақсади кабутизоркунии маҳаллаҳо ва ба тартиб даровардани роҳравҳои шаҳри Турсунзода бошад, аз тарафи гуруҳҳои таблиғотчиён, аъзоён ва ҷонибдорони ҲХДТ, шанбегиҳо баргузор гардида истодаанд. ©Меҳри Зиё |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.