Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОХӮРӢ БО СОҲИБКОРОН

ВОХӮРӢ БО СОҲИБКОРОН

24-08-2016, 12:50
Хабарро хонданд: 201 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо кормандони ҶДММ «К-Даврон» вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева ибрози ақида намуда, қайд кард, ки барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳатарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароитҳоро муҳайё кардааст. Маҳз ба ҳамин хотир дар шаҳри Кӯлоб Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва намоиши молу маҳсулоти «Хатлон - 2016» баргузор гардид. Дар он меҳмонон аз хориҷи кишвар низ ташриф оварданд. Зимнан, дигар соҳаҳо низ дар баробари соҳаи иқтисодиёт рушду такомул ёфта, ҳаёти мардум мунтаззам беҳтар гашта истодааст.
Бояд қайд кард, ки ҶДММ «К-Даврон» аз соли 2007 фаъолияти худро оғоз намуда, ба истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва қаннодӣ машғул мебошад.
Дар охир роҳбари ҶДММ «К-Даврон» Рустамов Баҳром барои саҳми арзанда гузоштан дар рушду нумуи ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар фазои тантанавӣ бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: