Омили ҳамкориҳои судманд ва рушди соҳибкорӣ25-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Кӯлоб Форуми соҳибкорони Тоҷикистон ва намоиши молу маҳсулоти «Хатлон - 2016» дар назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ баргузор гардид.
Дар форум меҳмонони дохил ва хориҷи кишвар аз қабили Федератсияи Русия, Ҷумҳурии мардумии Чин, Ҷумуҳурии исломии Эрон ва дигар давлатҳо, ки зиёда аз понздаҳ давлат ҳузур доштанд, маҳсулоти соҳибкорони ватаниро, ки ба марази тамошо гузошта шуда буд, дидан намуданд. Ҳадафи баргузории ин форум барои рушди соҳаи иқтисодиёту саноат, тақвият бахшидани ҳамкории соҳибкорони шаҳри Кӯлоб умуман соҳибкорони вилояти Хатлон бо дигар соҳибкорони манотиқи Тоҷикистон ва берун аз марзи кишвар, инчунин пайдо кардани шарикони рушд дар самти беҳтар гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ ва дарёфти харидор дар бозори ҷаҳонӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки бо пешниҳоди Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон форуми соҳибкорони Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб баргузор карда шуд. Умед аст, ки ин форум дар таҳкими дӯстии давлатҳо саҳми муассир мегузорад. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.