Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Паёми Пешвои миллат- раҳнамои ҷомеа

Паёми Пешвои миллат- раҳнамои ҷомеа

17-03-2016, 09:30
Хабарро хонданд: 239 нафар
Назарҳо: 0
Паёми Пешвои миллат- раҳнамои ҷомеаБо даъвати роҳбарияти Шуъбаи корҳои дохилии минтақаи Кӯлоб вохӯрии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева бо кормандони ин ниҳоди қудратӣ дар мавзӯи «Паёми Пешвои миллат-раҳнамои ҷомеа» доир гардид.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева суханронӣ намуда, иброз дошт, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҳидоят ва раҳнамое барои аҳли ҷомеа дар роҳи таҳкими ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва зиндагии шоистаи тамоми мардуми кишвар нигаронида шудааст. Инчунин мавсуф аз ҷасорату мардонагии кормандони милитсия ситоиш намуда, ҳамкории аҳли ҷомеа бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро василаи асосии таҳкими суботи ҷомеа унвонӣ намуд.

Паёми Пешвои миллат- раҳнамои ҷомеаДар ҳамин замина сардори ҚМРВКД дар вилояти Хатлон оиди гуруҳи ноҳияҳои Кӯлоб полковники милитсия А. Фаттоҳзода баромад намуда, итминон дод, ки кормандони милитсия дар иҷрои Паёми раҳнамосози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона месозанд.

Дар охир ба роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб таклиф шуд, ки бо кормандони милитсия бештар чунин вохӯриву суҳбатҳо доир карда шавад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: