Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

Як лаҳза

26-02-2016, 12:15
Хабарро хонданд: 235 нафар
Назарҳо: 0
Як лаҳзаДар Паёми имсолаи Асосгузори ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати кишвар таъмин намудани пешрафти соҳибкорӣ мебошад. Дар ин радиф ба соҳибкорон дастур дода шуд, ки барои васеъ намудани фаъолияти худ, ворид кардани технологияҳои муосир, афзоиш додани молу маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ҳарчӣ бештар кӯшиш намоянд.

Бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои дурбинонаи Сарвари давлат ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти кишвар соҳибкорони ватанӣ камари ҳиммат бастаанд. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкор Асрор Маҳмудов сохта ба истифода додани сехи қаннодии «Як лаҳза» дар шаҳраки Бӯстон далели гуфтаҳои болоист.

Санаи 19 феврали соли равон маросими расмии кушодашавии сехи мазкур гузаронида шуд. Маросимро Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки маҳз дар натиҷаи тадбирҳо ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти соҳибкорӣ, барои таъмини зиндагии арзандаи сокинон мусоидат менамояд. Аз ҷониби Раиси шаҳр иброз гардид, ки барои сохтмони сехи қаннодии сеошёнаи «Як лаҳза» 1,5 млн сомонӣ маблағ ҷудо карда шуда, 25 тонна маҳсулотӣ ордӣ истеҳсол намудани он ба нақша гирифта шудааст. Ин иқдом боиси бо ҷои кор таъмин гардидани миқдори зиёди сокинон ва имконияти ба бозорҳои хориҷа содирот кардани маҳсулот мегардад.

Пас аз қисми расмӣ Раиси шаҳр бо технологияҳои пухту паз дар сех, ҳайати кормандон ва маҳсулотҳое, ки сехи «Як лаҳза» истеҳсол мекунад, шиносоӣ пайдо кард. Дар охири чорабинӣ ба иштирокчиён як пиёла чой ва маҳсулоҳтои қаннодии сех пешкаш карда шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: