Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ВОХӮРИҲОИ СУДМАНДИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

ВОХӮРИҲОИ СУДМАНДИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ

24-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
Оид ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, ғамхориву пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, фаҳмонидани дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, мавқеи занон ва ҷавонон дар ҷомеа кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои тарғиботию ташвиқотиро ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани дастовардҳои даврони истиқлолият аз рӯи нақша - чорабиниҳои таҳия ва тасдиқгардида дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Носири Хусрав гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби аъзоён ва тарафдорони ҲХДТ ташкил намуда, бо мадум дастовардҳои бо заҳмати шабонарӯзии Роҳбари давлат муяссарамон шударо фаҳмонида истодааст.

Чунин як вохӯри дар маҳаллаи Олтинсой Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» бо иштироки васеи сокинони маҳалла баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева Сурайё баромад намуда, ба мардум аз дастовардҳои даврони Истиқлолият истода гузашта таъкид намуд, ки мо бояд ин Ватани беҳтар аз ҷонамонро чун гавҳари чашм нигаҳбон бошем. Таъкид намуд, ки дар руҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон вазифаи ҳар як падару модар аст.

Сокинони деҳа баромад намуда ҷонибдории худро аз сиёсати созандаи Сарвари давлат Асосгузори сулҳу ваҳдати мили –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд.

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: