Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ҳамоиш ифодагари ҳамраъйии занон

Ҳамоиш ифодагари ҳамраъйии занон

21-06-2016, 15:00
Хабарро хонданд: 353 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамоиш ифодагари ҳамраъйии занонБо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, мавқеи занон ва ҷавонон дар ҷомеа, фаҳмонидани дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳадафҳои Барномавии ҲХДТ, ватанпарастӣ, Ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, бо ибтикори Комиссияи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар ҷамоати деҳоти «Истиқлол» ҳамоиши занон таҳти унвони «Нақши занони даврони истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон» бо иштироки васеи занону духтарон баргузор гардид.

Ҳадафи ҳамоиши мазкур ёдовар шудан ва тарғиби ғамхориву пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Сарвари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, нисбати занону духтарон, фаҳмонидани дастовардҳои даврони истиқлолият, ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, саҳми занон ва ҷавонон дар дастовардҳои даврони истиқлолият мақсади асосии ҳамоиш буда, ҷалби иштироки васеи занону духтарон дар корҳои идораи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад.

Ҳамоиш ифодагари ҳамраъйии занонҲамоишро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алиева С. Кушода, модарону хоҳаронро ба ҷашнҳои пурифтихори миллат 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, мароми ҳамоиш, мавқеи занон, модарон дар пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, танфурӯшӣ, хариду фурӯши инсон, омӯзиши моҳият ва муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, омӯзонидани касбу ҳунар буданашро фаҳмонида дод.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: