Занон пешоҳанги зиндагӣ27-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 356 нафар
Назарҳо: 0
Бо мақсади сазовор истиқбол намудани ҷашни миллӣ, 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арҷгузорӣ ва ифтихор аз фарҳангу таърихи пурғановати гузаштагон, мавқеи занон ва ҷавонон дар ҷомеа, фаҳмонидани дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳадафҳои барномавии ҲХДТ, ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, бо ибтикори Комиссияи кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав ҳамоиши занон таҳти унвони «Нақши занони даврони истиқлолият дар рушду нумӯи Тоҷикистон» дар маҳаллаи Арабхонаи Ҷамоати деҳоти «Истиқлол» бо иштироки васеи занону духтарон баргузор гардид.
Ҳамоиши мазкур аз ғамхориву пуштибониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Сарвари ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, нисбати занону духтарон, фаҳмонидани дастовардҳои даврони истиқлолият, ватанпарастӣ, ваҳдати миллӣ, саҳми занон ва ҷавонон дар дастовардҳои даврони истиқлолият мақсади асосии ҳамоиш буда, ҷалби иштироки васеи занону духтарон дар корҳои идораи давлатдории тоҷикон ба шумор меравад. Ҳамоишро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Алиева С. кушода, модарону хоҳаронро ба ҷашнҳои пурифтихори миллат 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, мароми ҳамоиш, мавқеи занон-модарон дар пешгирии омилҳои номатлуби иҷтимоӣ миёни ноболиғону ҷавонон, аз қабили ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, зӯроварӣ, худкушӣ ва сӯиқасд ба ҷони худ, танфуруши, хариду фуруши инсон, омӯзиши моҳият ва муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, омӯзонидани касбу ҳунар буданашро фаҳмонида дод. Роҳбари Комиссияи кор бо занон ва ҷавонон, узви КИ дар ноҳия, мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Инобат Набиева баромад намуда, доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, худкушӣ, сӯиқасд ба ҷони худ дар ҳудуди ноҳия ахборот дода, аз хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти маҳбубамон Эмомалӣ Раҳмон, ки нақши занону бонувонро дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ арзёбӣ менамоянд ва ҳуқуқу манфиатҳои занону модарон ҳамеша дар маркази диққат қарор дорад ва дар заминаи арҷгузорӣ ба хидматҳои арзандаи ӯ ба халқу Ватан истода гузашта, таъкид намуд, ки дар атрофи ғояҳои ояндасози ӯ муттаҳид гардида, барои боз ҳам ободу зебо ва шукуфо гардидани Тоҷикистони азиз саъю талош намоем. Аз модарону хоҳарон хоҳиш ба амал оварда таъкид намуд, ки ба рафтор, гуфтор, донишомӯзӣ ва касбомӯзии фарзандон, диққати ҷиддӣ дода, онҳоро дар роҳи дуруст тарбия намоянд. Дар ҳамоиши мазкур узви КИ ҲХДТ дар ноҳия муовини раиси ноҳия Саидзода Бозоргул Гулмурод иштирок ва баромад намуда қайд кард, ки баланд бардоштани нақшу мақоми зан дар ҷомеа ва таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардону занон ба яке аз самтҳои асосии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Бо ибораи дигар бонувони сарбаланди тоҷик имрӯз қодиранд, ки дар баробари тарбияи насли солим, саҳми арзандаи худро дар пешрафту тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии давлат, таҳкими сулҳу субот гузоранд. Ва аз занону модарон тарбияи дурусти фарзандонро хоҳиш намуда, таъкид дошт, ки мо занон ин рисолати муқаддаси худро бо сарбаландӣ иҷро намуда, дар пешрафту ободии кишвари маҳбубамон саҳми арзандаи худро гузорем. Дар фарҷоми ҳамоиш раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Алиева С. тибқи хулосаи гуруҳҳои корӣ ба иштирокдорони фаъоли ҳамоиш, оилаҳои намунавӣ, ки дар оиладорӣ ва тарбияи фарзандон ба муваффақиятҳо ноилгаштаи ҳудуди ҷамоат Ифтихорномаҳо ва туҳфаҳои ҷудонамудаи ҳайати тадорукотро тақдим намуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.