Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Оташнишон, ҷашнат муборак!

Оташнишон, ҷашнат муборак!

1-08-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 373 нафар
Назарҳо: 0
Оташнишон, ҷашнат муборак!
30 июл ба фаъолияти Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 88 сол пур шуд. Хадамоти мазкур бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июли соли 1928 ташкил гардида, якумин дастаи оташнишонон дар шаҳри Душанбе 1 апрели соли 1929 таъсис ёфтааст.

Дастаи мазкур бо роҳбарии Фёдор Иванович Зайтсев, аз 10 нафар сӯхторнишон иборат буд. Барои хомӯш намудани сӯхтор оташнишонон ба воситаи аробаю асп ба ҷои ҳодиса баромада, хатарро бартараф менамуданд.

Онҳо бо худ як адад насоси дастӣ, ду адад зарфи об ва 180 метр рӯдаҳои сӯхторхомӯшкунӣ доштанд. Санаи 6 июни соли 1930 аввалин автомашинаи дастаи оташнишонӣ ба ҷумҳурӣ ворид шуда, ҳайати кормандон ба 12 нафар расид. Аз солҳои 30-юм сар карда, дастаҳои оташнишонӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Конибодом, Панҷ, Исфара ва Ӯротеппа таъсис ёфтанд.

Соли 1936 дар пойтахт гурӯҳи дигари оташнишонон созмон дода шуда, худи ҳамон сол дастаҳои дигари оташнишонӣ дар дигар вилоятҳои ҷумҳурӣ низ таъсис ёфтанд. Пеш аз саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шумораи дастаҳои оташнишонии ҷумҳурӣ ба 20 адад расида буд. Сӯхторнишонҳо низ ба ҷабҳаи ҷанг рафта, дар мубориза бар зидди фашизми истилогар саҳми пурсазо гузоштанд.

Бар замми миқдори зиёди ордену медалҳо ду нафар оташнишон Ҳоваҷӣ Магомед Мирзоев ва Михаил Иванович Новосёлтсев ба унвони баланди Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ мушарраф шудаанд. Замоне, ки мардҳо бар зидди фашистон меҷангиданд, занҳо дар хадамоти оташнишонӣ сафи онҳоро пур намуда, ҳодисаҳои сӯхторро хомӯш менамуданд.

Ба ғайр аз ин онҳо дар сохтмонҳои канали Ҳисору нерӯгоҳи барқи Варзоб ва даҳҳо сохтмонҳои аҳамияти стратегӣ доштаи ҷумҳурӣ саҳми босазои худро гузоштаанд. Онҳо бо Байрақи Сурхи Сайёри Комитети Иҷроия ва Кумитаи Ҳизби шаҳри Душанбе чандин маротиба қадр шудаанд.

Давраи баъдиҷангӣ, давраи пурҷӯшу хурӯши аз нав барқароркунии хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба шумор мерафт. Бо ин мақсад боз ҳам такмил додани фаъолияти Идораи оташнишонии ҷумҳурӣ пеш омад. Бо Қарори Ҳукумати ИҶШС аз 1 январи соли 1955 идораи оташнишонии касбии шаҳри Душанбе ба қисми ҳарбикунонидаи оташнишонӣ табдил дода шуд.

Саромадони оташнишонии Тоҷикистон Ф.И. Зайтсев, А.И. Ковалский, Ф.С. Курганов, П.И. Репин, А.Н. Карпунин, В.Ф. Алитин, И.Д. Додоматов, И.Х., Додоҷонов Н.,Ҷангиев М Каримов. М Шарипов ва чанде дигарон буданд.

Зиндагии имрӯза барҳақ тасдиқ мекунад, ки кормандони кунунии мақомоти хадамоти оташнишонӣ корномаи бемисли падарон, бародарон ва рафиқони хешро идома дода, ҳоло ҳам намунаи олии мардонагӣ, шуҷоат, маҳорати баланди касбӣ нишон дода, дар роҳи иҷрои вазифаҳои азими ба зиммаашон гузошташуда ғайрату матонат зоҳир месозанд.

Дар мубориза барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон 17 нафар кормандони СХДО ВКД ҷони худро нисор кардаанд.

Кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ҳама соат ҷони азизи худро зери хатар гузошта, хизмати вазнини ҷисмонӣ ва рӯҳиро адо менамоянд. Ин ҳама на баҳри вазифаю рутбаву унвонҳо, балки барои садоқат ба ватан, ба хотираи рафиқони ҳалокгардида, барои сулҳ ва ризоият дар замини тоҷикон мебошад.

Имрӯз комилан мусаллам аст, ки бе муттаҳидӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ инсоният пеш рафта наметавонад. Тимсоли ин гуна дӯстӣ ва садоқатро мо дар мисоли падарон ва бобоёни шуҷоатманди худ мебинем, ки ба шарофати корнамоиҳо ба хотири Ватан дар ёди наслҳои оянда абадан мемонанд. Аз ин рӯ, таъсисёбии ХДО барои тамоми кормандони хадамот санаи муҳим буда, он аз ҳар як корманд масъулияти боз ҳам бештарро тақозо менамояд.

Ба туфайли истиқлолият 67 адад автомашинаҳои оташнишонӣ ва 49 адад нақлиёти фаврӣ-хизматии сабукрав харидорӣ карда шудааст.

Бо ташаббуси роҳбарияти имрӯзаи СХДО ВКД соли 2009 дар факултаи таҳсили рӯзонаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин бор гурӯҳи «Бехатарӣ аз сӯхтор» ташкил карда шуд, ки ба он 25 нафар номзадҳо дохил шуданд. Ҳоло ин курсантҳо аллакай академияро хатм намуда, дар ХДО кору фаъолият доранд.

Кушодашавии ду-қисми оташнишонӣ яке дар НБО–и «Сангтӯда» ва дигаре дар НБО-и «Роғун» низ дастовардҳои давраи истиқлолият ба шумор мераванд, ки ин қисмҳо амнияти бехатарӣ аз сӯхтори иншоотҳои номбурдаро пурра таъмин менамоянд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар баробари дигар дастовардҳо бо ташаббуси роҳбарияти имрӯзаи СХДО, ба хусус сардори он генерал-майори хизмати дохилӣ Нозимҷон Иброҳимзода, инчунин дастгирии бевоситаи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимзода ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бори аввал пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ҷумҳурӣ 27 адад қисму дидбонгоҳҳои алоҳидаи оташнишонӣ таъсис дода шудаанд. Аз ҷумла, ду адад қисмҳои мустақили ҳарбикунонидашудаи ХДО дар ноҳияҳои Бохтару Қубодиён ва 6 адад дидбонгоҳҳои алоҳидаи ХДО дар ноҳияҳои Темурмалик, Шӯрообод, Ховалинг, Балҷувон, Н. Хисрав ва Хуросони вилояти Хатлон таъсис дода шуд, ки боз 266 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ шуданд. Инчунин дидбонгоҳҳои алоҳидаи ХДО дар ноҳияҳои Варзоб, Файзобод, Айнӣ, Ашт, Қасри Арбоб, қисмҳои оташнишонӣ дар ноҳияи Сино – 2 ва маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, инчунин дар ҶДММ «Бозори Корвон», ноҳияи Шаҳринав ва ғайраҳо таъсис ёфтаву мавриди фаъолият қарор доранд.

Дар бозорҳои Иттифоқи Тоҷикматлубот воҳидҳои кории нозирони НДБС ХДО ҷур шудааст, ки онҳо алҳол амнияти бозорҳоро аз сӯхтор таъмин карда истодаанд.

Хадамоти давлатии оташнишонии имрӯзаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар ҳолати омодабош қарор дошта, барои ҳифзи одамон, молу мулки онҳо, моликияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ аз сӯхтор доимо омода аст.
Кароматулло Абдуллоев, Толиб Ҳаётов, кормандони СХДО ВКД ҶТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: