Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Баргузории маҷлиси ҷамъбастии нимсола

Баргузории маҷлиси ҷамъбастии нимсола

1-08-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 224 нафар
Назарҳо: 0
Баргузории маҷлиси ҷамъбастии нимсола
Дар Қасри фарҳанги ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи КИ ҲХДТ дар н. Айнӣ баргузор гардид. Дар маҷлис муовини раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷалилов Анвар Расулович ва Роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Зоҳидзода Фаррух Абдуқодир иштирок намуданд. Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ Қобилзода Абдуғанӣ Абдуҳамид оид ба фаъолияти кумитаи иҷроия ва ташкилотҳои ибтидоӣ дар нимсолаи аввали соли равон маълумот дод. Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома собиқадори ҳизб Хокироев Абдушукур ва раиси ташкилоти ибтидоии Рарз Ҳамдамов Мирзо баромад намуданд. Тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Нақшаи кории КИ ҲХДТ дар н. Айнӣ барои нимсолаи дуюми соли равон тасдиқ карда шуд. Баъдан аъзоёни Раёсат ва комиҷроия ва ҳамзамон аъзоёни комисияи тафтишотӣ аз нав интихоб карда шуданд. Сипас, муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Ҷалилов Анвар Расулович баромад намуда, ба фаъолияти комиҷроияи ноҳиявӣ баҳои хуб дода, қайд намуд, ки ҳизбиёни ноҳия бо фаъолияти назаррас рисолати созандаи ҲХДТ-ро дар амал татбиқ мекунанд. Ба ҳизбиёни ноҳияи Айнӣ баҳри татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҳизбамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муваффақиятҳои беназир орзу намуд.

Дар охир ба ташкилотҳои беҳтарин Сипосномаи Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд супорида шуд ва ба 19-нафар аъзоёни тозаинтихоб билетҳои ҳизбӣ супорида шуд. Пас аз маҷлиси ҷамъбастӣ намояндагони Комиҷроияи вилоятӣ баъзе аз ташкилотҳои ибтидоиро дидан намуданд. Ҳамзамон доир ба Обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ “Минбари Халқ” ва “ Сухани Халқ” бо аъзоёни ситоди “Обуна-2017” бо иштироки намояндагони вилоят вохӯрӣ гузаронида шуд.
Баргузории маҷлиси ҷамъбастии нимсола
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: