Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Фаъолияти нимсола ҷамъбаст гардид

Фаъолияти нимсола ҷамъбаст гардид

25-07-2016, 07:30
Хабарро хонданд: 368 нафар
Назарҳо: 0
Фаъолияти нимсола ҷамъбаст гардид
Маҷлиси васеи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент баргузор гардид, ки дар он аъзои Кумитаи иҷроия ва Раёсати он, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, фаъолони ҳизб ширкат варзиданд. Инчунин дар кори ҷаласа Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Сарфароз Юнусов ва муовини Раиси шаҳри Панҷакент Парвиз Шодиев ширкат варзиданд.

Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент дар нимсолаи аввали соли 2016 ва вазифаҳо барои нимсолаи дуюми соли 2016 раиси кумитаи иҷроия Мурод Шукурзода гузориш намуд. Пас аз шунидани маърӯза муовини раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии ҶДММ КМ «Зарафшон» Туйчибой Муҳаммадиев, аъзои ҳизб, вакили Маҷлиси Вакилони халқи шаҳр аз ҲХДТ Ҷасорат Ансорӣ ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии шуъбаи хизматрасонӣ дар хона Дилором Шарифова ба сухан баромада, андешаҳои худро оид ба фаъолияташон дар нимсолаи аввал, иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои муҳими сол, маъракаҳои сиёсии баргузоргардида ва ҳамкориҳо бо кумитаи иҷроия ибрози андеша намуданд. Маҷлис аз руи масъалаи якуми рӯзнома қарор қабул намуд.
Фаъолияти нимсола ҷамъбаст гардид
Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома дар бораи тасдиқи нақшаи корӣ - Самтҳои фаъолияти Кумитаи иҷроия дар нимсолаи дуюми соли 2016 раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода мазмун ва моҳияти нақшаи кориро шаҳру эзоҳ дод. Ӯ зикр намуд, ки нақшаи корӣ самтҳои асосии фаъолияти кумитаи иҷроияро оид ба амали намудани талаботи Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, гузаронидани чорабиниҳои муҳими сол, санаҳои фархунда, аз ҷумла, таҷлили 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидани корҳои тарғиботӣ, қабул ба сафи ҳизб, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дарбар мегирад. Бо назардошти фикру андешаҳои аъзоёни ҳизб нақшаи корӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ гардид. Дар ин бора қарори дахлдор қабул карда шуд.

Аз рӯи масъалаи навбатии рӯзномаи маҷлис Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Мурод Шукурзода иброз дошт, ки дар давоми нимсола ба масъалаи қабул ба сафи ҲХДТ диққати ҷиддӣ дода шуд. Дар натиҷаи гузаронидани корҳои ташвиқотӣ ва ташкили дурусти кор дар давоми нимсола 1725 нафар ҷавонони фаъол, бонувон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун ба сафи ҲХДТ қабул карда шуданд, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин мебошад. Дар ин мавзӯъ оид ба тасдиқи қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар бораи қабули аъзоёни нав ба узвияти ҲХДТ гузориши Лутфуллоев Б., мудири шуъбаи тарғибот ва иттилоот шунида шуд. Бо таклифи аҳли толор қарорҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дар якҷоягӣ ба овоз монда, тасдиқ карда шуданд. Дар ин бора ҳам маҷлис қарор қабул намуд.

Дар маҷлиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд С. Юнусов ва муовини раиси шаҳри Шодиев Парвиз суханронӣ намуданд. Дар суханрони худ Юнусов С. А. фаъолияти КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакентро дар нимсолаи аввал хуб арзёби намуда, оид ба пешрафти кор, ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта, аз ҷумла, оид ба саривақт падохт намудани қарзи ҳаққи узвият, тоза намудани сафи аъзоёни ҳизб аз нафарони тасодуфӣ, зиёд намудани корҳои тарғиботӣ дастуру супоришҳои муфид дод.
Фаъолияти нимсола ҷамъбаст гардид
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр муовини раиси шаҳр Шодиев П. Ш. суханронӣ намуд. Дар охир ба 15 нафар аъзоёни нави ҳизб, ки аз ташкилотҳои ибтидоии «Нурафшон»-и Шабакаҳои барқии Панҷакент ва «Амонатбонк»-и шаҳр буданд, Шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: