Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таваҷҷӯҳ ба ҲХДТ зиёд мешавад

Таваҷҷӯҳ ба ҲХДТ зиёд мешавад

29-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 417 нафар
Назарҳо: 0
Таваҷҷӯҳ ба ҲХДТ зиёд мешавадКормандони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ ҳамкорӣ бо бахши кор бо ҷавонони ноҳия ба ҷамоати деҳоти Анзоб сафар карда, аз ҳаёт ва кори мардуми деҳаҳои Такфон, Пишанза, Марғеб ва Анзоб дидан карданд. Зимни мулоқотҳо бо мардум бештар аз дастовардҳои даврони Истиқлол, вазъи феълии сиёсии кишвар сухан карда шуд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки барномаи амалии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ тавъам буда, дар эъмори ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ҳизбиён низ саҳми шоиста мегузоранд. Дар мулоқотҳо раиси кумиҷроия Ғаниҷон Қобилов низ сухан карда, шомилшавӣ ба сафи ҲХДТ-ро шарафи бузург номид. Номбурда дар баромадҳояш таъкид намуд, ки нақши занону ҷавонон дар густариши фаъолияти ҳизбӣ хеле калон аст, аз ин рӯ, ҳизб бештар ба ин қишрҳои ҷомеа такя намуда, якчанд лоиҳаро дар ин самт роҳандозӣ карданист. Зимни мулоқоти озоду шаффоф сокинон, хоса ҷавонон омодагии худро барои шомил шудан ба сафи ҲХДТ иброз доштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: