Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Мулоқоти судманд бо ҷавонон

Мулоқоти судманд бо ҷавонон

1-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 379 нафар
Назарҳо: 0
Мулоқоти судманд бо ҷавонон
Борҳо Асосгузорӣ сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Раиси ҲХДТ, Президенти кишвари азизамон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки “Ҷавонон ояндаи миллатанд” аз ин хотир мо бояд имрӯз ҷавононро дар рӯҳияи ватанпарастию ватандусти тарбия намоем. Имрӯз дар ҷамоати деҳоти Бунҷикати ноҳияи Шаҳристон баҳри пешгирии гаравидани ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию ғайриқонуни ва ба бар гирифтани занону духтарон либосҳои бегона вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Примҷулова Зебо, ва зиёда аз 60 нафар хатмкунандагони ҷамоати деҳоти Бунҷикат иштирок доштанд. Оиди масъалаи мазкур мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Примҷулова Зебо оғоз намуда таъкид кард, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи сайъу талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон натанҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад. Оиди ба бар гирифтани занону духтарон либосҳои бегона сухан ронда либоси миллии миллати тоҷик ин атласу адрас буда ба бар гирифтани либосҳои бегонаи шарқӣ нодуруст буданашро таъкид намуда даъват ба амал овард, ки аз либосҳои бегона дасткаши намуда назар ба либосҳои миллии худ намоем. Дар охир ба ҳамаи хатмкунандагон дар ҷодаи дохил шудан ба донишгоҳҳои олии кишвар ва берун аз он комёбиҳои беназир орзу намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: