Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таҷлили рӯзи нақлиётчиён дар Ташкилоти ибтидоии “Нақлиёт”

Таҷлили рӯзи нақлиётчиён дар Ташкилоти ибтидоии “Нақлиёт”

28-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Таҷлили рӯзи нақлиётчиён дар Ташкилоти ибтидоии “Нақлиёт”
Рӯзи нақлиётчиён, ки ҳамасола 25 июл ҷашн гирифта мешавад, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт”-и Душанбенақлиётхадамотрасон таҷлил гардид. Дар ин чорабинии Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилоот, Азалшоҳ Дӯстзода, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва бонувони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Искандаров Ғаюрбек, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт”, ҳамчунин кормандон, ронандагон ва маъмурияти муассисаҳои нақлиёти пойтахт ширкат доштанд.

Изатуллои Ҳабибзод, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ сараввал ҳозиринро ба Рӯзи касбиашон табрик гуфта, аз ба ҷо овардани хизматрасониашон миннатдорӣ намуд ва ҳамаро ба бештаргардонии иҷрои сифати кор ва бо дасту дили гарм баҳри рушди соҳаи мазкур кӯшиш намудан даъват кард.

Сипас, Искандаров Ғаюрбек раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Нақлиёт” суханронӣ намуда, аз корҳои анҷомдодашудаи соҳаи нақлиёти пойтахт маълумот дод. Ҳамзамон мавсуф иттилоъ дод, ки имсол дар рузи таҷлили Иди касбии нақлиётчиён аз ҷониби Вазорати нақлиёти кишвар 1 нафар ба унвони олии соҳа, яъне нақлиётчии беҳтарин ва 2 нафар бо Ифтихорнома қадрдонӣ карда шуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъоли соҳа Ифтихорнома тақдим карда шуд.
Таҷлили рӯзи нақлиётчиён дар Ташкилоти ибтидоии “Нақлиёт”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: