Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Таърихномаи миллати тоҷик

Таърихномаи миллати тоҷик

27-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 218 нафар
Назарҳо: 0
Таърихномаи миллати тоҷик
Бо мақсади тақвият бахшидан ба арзишҳои миллӣ, ватандорӣ ва таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакати имрӯзаи тоҷикон, ҳамчунин пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ҳамоиши илмӣ баргузор намуд.

Дар доираи ин иқдом дар ташкилоти ибтидоии “Олӣ Сомон”-и Гимназияи шаҳрии №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе зери мавзӯи китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” – дастоварди илмии муосири миллати тоҷик” чорабини бо ҷалби аҳли илм ва волидайни хонандагон доир гардид. Чорабиниро сарвари гимназия Ёрова Раъно ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар ин рӯзҳо бознамоии таърихномаи миллати тоҷикро фоли нек барои рушду равнақи миллати тоҷик ва Тоҷикистон, баён кард.

Зикр намудан зарур аст, ки дар ин чорабини китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳамчун маҳаки асоси барои баёни арзишҳои миллӣ, ватандорӣ истифода бурда шуд. Яъне тавассути китоби Пишвои миллат таърихномаи миллати тоҷик баён гардида, ба иштирокчиён оиди бузургии дирӯзу имрӯзи миллати тоҷик ҳарфҳо гуфта шуд.
Таърихномаи миллати тоҷик
Ҳамчунин Абдумаҷид Муминов, мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар ҳамоиш ширкат варзида, оиди китоби Пешвои миллат “Тоҷикон дар оинаи таърих” фикру ақидаҳои хешро иброз намуда, онро дастоварди илмии муосири таърихнигории миллати тоҷик номид.

Ҳамзамон, дар доираи равандҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ, тарақиёти илму техналогия, фаъолияти шабакаҳои ифротгароӣ ва ҷалб нагардидани ҷавонон ба чунин гурӯҳҳои номатлуб гузориш пешниҳод намуда, ҳозиринро даъват ба ободонии Ватан ва илмомӯзӣ кард.
Таърихномаи миллати тоҷик
Омӯзгорон ва иштирокчиён дар навбати худ китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Сарвари давлат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикон дар оинаи таърих”-ро дар шароити имрӯзаи геополикитӣ маҳаки асоси баҳри расидан ба ҳадафҳои миллӣ номиданд.

Дар фарҷоми чорабини ба 27 нафар омӯзгорони Гимназия шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: