Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Омӯзиши таърихи ниёгон»

«Омӯзиши таърихи ниёгон»

28-06-2016, 17:00
Хабарро хонданд: 274 нафар
Назарҳо: 0
«Омӯзиши таърихи ниёгон»
Бо тавсияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемологии ноҳияи Деваштич аксияи омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шуд.

Дар маҷлисгоҳи ташкилоти ҳизбии МНДСЭ дар доираи ҷашнгирии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолиятии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзоёни ҲХДТ аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» маърузаҳо омода карданд. Раиси ташкилоти ибтидои ҳизб Абдуманнон Баҳронов аксияи мазкурро оғоз бахшида, дар тақвияти худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, арзишҳои ватандорӣ, таблиғу ташвиқи дастовардҳои мамлакат, тарбияи насли наврас ба рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ сухан карда, қайд намуд, ки «Истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст. Истиқлолият ин шарафу номуси ватандорӣ, ифтихор аз давлату миллати хеш ва талошу заҳмати бардавоми ҳар як фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волост. Истиқлолият ин хонаи обод, рӯйи сурх, сари баланд, зиндагии осоишта ва рӯзгори осудаҳолонаи ҳар фарди соҳибдавлату соҳибватан аст». Ин гуфтаҳо маҳз дар китоби Пешвои миллат «Тоҷикон дар оинаи таърих» таҳким ёфта, дар натиҷаи омӯзиши он ҳар як сокини мамлакат дар фикру дили худ эҳсоси ифтихори ватандориву хештаншиносиро пайдо мекунад.

Дар тақвияти суханони боло корманди ташкилоти ҳизбӣ Ҷамшед Бурҳонов баромад карда, қайд намуд, ки омӯзиши китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»-и Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамагон айни муддаост. Зеро имрӯз ҷаҳонро хатарҳои гуногун фаро гирифтааст ва баҳри пешгирии вабои аср мисли терроризму ифротгароӣ ва роҳ надодани шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонуниву экстремистӣ омӯзиши китоби мазкур бояд васеъ ба роҳ монда шавад. Ҷамшед Бурҳонов инчунин зикр намуд, ки дар баробари Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат, мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити арзандаи зист ва таҳкими иҷтимоиёти давлат мардуми шарафмандаш низ саҳми босазои худро гузорад, зеро танҳо деҳқон натиҷаи самараи меҳнати худро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт менамояд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: