Муаррифии китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих»12-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 319 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар чорабинии мазкур кормандони КИВ ва КИН, ҳамчунин масъулони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ва сокинони деҳаи Зароб ширкат варзиданд. ![]() Омӯхтани таърихи хеш танҳо ба хотири донистани гузашта нест, балки он дурнамоест, ки роҳи ояндаи миллат ва пешомадҳои давлатдориро равшан намуда, барои худогоҳии миллӣ, вахдату ягонагӣ ва рушди тафаккури таърихии наслҳои оянда хизмат мекунад. Бузургии миллати тоҷик бошад, дар он зоҳир мегардад: таҳти салтанати кадом империя ва халқияти зӯровар қарор надошта бошад, волоияти забону фарҳанги худро аз даст надода, дами теғи ҳама гуна таассуби динию мазҳабиро бо фарҳанги оламгири хеш кунд намудааст. Дар ҷараёни тӯлонии таърихи миллати тоҷик нуфузи тамаддун ва фарҳанги истилогарони аҷнабӣ борҳо боло гирифта, раванди бегонапарастӣ ва носипосӣ нисбат ба арзишҳои миллӣ ва фарҳангии деринаи ниёгон, алалхусус қадр накардани рӯҳи тавонои фарзандони бузурги миллат моро борҳо ба кӯчаи сарбастаи тангназариҳо ва парастиши кӯр-кӯронаи аҷнабиён бурда бошад ҳам, дар ниҳояти кор, баъди гузаштани даҳсолаву садсолаҳо боз адолати таърихӣ пирӯз гашта, тоҷикон соҳибдавлату соҳибватан гаштанд… Дар ин радиф, Ф.Ҳоҷиев суханони Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол оварда, зикр намуд, ки воқеан ҳам, тарбияи насли наврас яке аз бузургтарин хизматҳои модарону мураббиён мебошад, зеро насли худогоҳу хештаншинос метавонад, миллатро пойдор дар қарнҳо нигаҳ дорад. Аз ин рӯ, волидайн, алалхусус модаронро зарур аст, ки дар таълиму тарбияи фарзандон бодиққат бошанд. Пас аз он, мутахассис оид ба иттилооти КИ ҲХДТ дар н.Деваштич Лоиқҷон Тӯйчиев суханони мудири шӯъбаи таблиғоту иттилооти Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Фирдавс Ҳоҷиевро тақвият бахшида, аз иштирокчиёни мулоқот даъват намуд, ки барои боз ҳам баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ, қадр намудани хизматҳои хирадмандонаву инсондӯстонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишвари соҳибистиқлолро зарур аст, ки дар пойдории Истиқлолияти давлативу Ваҳдати миллӣ ва идомаи амалҳои созандаву бунёдкорона ҳарчӣ бештар кӯшиш ба харҷ диҳанд. Сониян омӯзгори муассисаи таълимии №32 деҳаи Зароб Ҷабборова баромад намуда, аз дастгириву хизматҳои падаронаи Сарвари давлат нисбати ҷавонон ва бонувон сипосмандии хешро баён карда, аз ташрифи намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба деҳаи Зароб изҳори қаноатмандӣ намуд. ![]() |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.