Аҳамияти ғоявии «Шоҳнома» ва «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ30-06-2016, 09:00
Хабарро хонданд: 343 нафар
Назарҳо: 0
![]() Дар оғози чорабинӣ директори китобхонаи вилоятии ба номи Садриддин Айнӣ Обидов С. меҳмононро хуш омадед гуфта, қайд кард, ки тоҷикон, миллати тоҷбарсар, миллате, ки таърихи бою ғанӣ дорад ва ҳамеша аз он ифтихор бояд кард, ки миллати сарҷамъ ҳастем, соҳибватан ҳастем, соҳиби забон, соҳиби расму ойин ва фарҳанги худ ҳастем. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки гузаштаи худро омӯхта ба ин васила ояндаи худро дурахшон гардонем. ![]() Зимни баргузории чорабинӣ аз тарафи хонандагон, ки аъзои маҳфили «Ганҷи дониш»-и назди китобхонаи мазкур ҳастанд, хондани порчаҳои шеърӣ аз китоби «Шоҳнома», иқтибосҳо аз китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» инчунин барои болидагии хотири иштирокчиён навозиши най ва дутор пешкаши ҳозирин гардонида шуд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.