Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили “Рӯзи забон”

Чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили “Рӯзи забон”

6-10-2015, 14:26
Хабарро хонданд: 388 нафар
Назарҳо: 0
Чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили “Рӯзи забон”Дар шаҳри Қӯрғонтеппа ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаву корхонаҳо, донишгоҳу коллеҷҳо ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чорабиниҳои фарҳангӣ, вохӯрӣ бо устодон ва олимону шоирон баргузор гаштанд. Ҷамъбасти чорабиниҳои мазкур дар толори мақомоти иҷроияи шаҳр ва чорабинии фарҳангӣ дар толори тобистонаи Боғи фароғатии шаҳр ба номи Р.Мурчаев ҷамъбаст гардид.
Ба муносибати ин рӯз, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Амирулло Асадулло ҳозиринро ба ин рӯз табрик намуда, барояшон саломатӣ, бахту иқбол ва рӯзгори осуда орзу намуд. Ҳамчунин, зимни баромади худ, аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, қайд кард, ки “Забон асоси ҳастӣ ва бақои умри миллат аст”. Ва бо суханҳои зерин баромади хешро ба итмом расонид: “Ифтихори миллӣ ба ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он вобастагӣ дорад.”.
Чорабиниҳои фарҳангӣ ба ифтихори таҷлили “Рӯзи забон”Дар охири чорабинӣ ба собиқадорони соҳа ва устодоне, ки дар бахши таълими насли наврас ба нишондодҳои баланд ноил гаштаанд, аз тарафи раиси шаҳр, аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуданд.
©Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар в.Хатлон
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: