Фаъолият натиҷагирӣ гардид26-07-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 332 нафар
Назарҳо: 0
Дар шаҳри Бӯстон маҷлиси ҷамъбастии кумиҷроияи шаҳрӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти кумитаи иҷроия шаҳрӣ дар нимсолаи аввали соли 2016 баргузор гардид. Маҷлис бо иштироки Раиси шаҳр Рухсора Давлатзода ва мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИВ ҲХДТ Фирдавс Хоҷаев баргузор гардид.
Дар маҷлис се масъала ҷамъбасти фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бӯстон барои нимсолаи аввали соли 2016 ва тасдиқи самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр барои нимсолаи дуюми соли 2016, ворид намудани тағйироту иловаҳо дар ҳайати кумитаи иҷроияи шаҳрӣ ва раёсати кумиҷроия ва ҳамчунин натиҷаҳои рафти маъракаи «Обуна-2017» ва вазъи фаъолияти қабулгоҳи ҷамъиятии назди кумиҷроияи шаҳрӣ баррасӣ гардид. Аз ҷониби Раиси шаҳр ба иштирокунандагони маҷлис яъне, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, раёсати кумиҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва вакилони Маҷлиси ваклони халқи шаҳр дар самти ҳамкориҳои ҳамаҷониба ва дастгириҳои фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ вазифаҳои мушаххас супорида шуд. Намояндаи КИВ ҲХДТ Хоҷаев Ф. дар навбати худ оид ба иҷрои вазифаҳои дар пешистода аз ҷумла, таъмини кумиҷроияи шаҳрӣ бо бино, замини хоҷагидорӣ ва дастгирӣ дар самти обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ сухан карда, саҳми вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро дар самти дастгирии фаъолияти кумиҷроияи шаҳрӣ ва расидан ба ҳадафҳои ҲХДТ арзёбӣ намуд. Аз ҷониби раёсат ду нафар раисони ташкилотҳои ибтидоии шаҳр, ки фаъолияташон дар нимсолаи аввали соли равон назаррас ҳисобида шуд, бо Сипосномаҳои КИ шаҳрии ҲХДТ сарфароз гардиданд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.