Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Ҷамъбасти фаъолият

Ҷамъбасти фаъолият

22-07-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Ҷамъбасти фаъолият
Зимни як сафари кории Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ бинои нави кумиҷроияи ҳизбии ноҳия мавриди истифода қарор гирифта, нахустшумораи нашрияи кумиҷроия бо номи «Нигоҳи халқ» муаррифӣ карда шуд. Ҳамчунин, аз фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ барои нимсолаи аввали соли 2016 натиҷагирӣ карда шуд.

Нахуст бо иштироки раиси Кумиҷроияи вилоятии ҳизб Сарфароз Юнусов ва раиси ноҳия Ғайрат Азиззода бинои нави кумиҷроия ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз 4 кабинети корӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 нафар иборат аст. Зимни шиносоӣ бо шароити корӣ кормандон Юнусов С. А. масъулини кумиҷроияро ба ин муносибат табрик карда, аз онҳо даъват намуд, ки бо истифода аз чунин фаъолият раванди корро боз ҳам беҳтар ба роҳ монанд. Қайд гардид, ки бинои нави корӣ бо кӯмаки вакилон, аъзои фаъоли ҳизб ва маблағҳои кумиҷроия аз таъмири хушсифат бароварда шуда, бо шиору плакатҳои тарғиботӣ ва ҷиҳози даркорӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Сарфароз Юнусов ба ҳамаи онҳое, ки дар ин самт саҳмгузорӣ карданд изҳори миннатдорӣ карда, Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Суғдро супурд. Сипас дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Юнусов С. А. ва масъулини кумиҷроияи ноҳиявӣ аз фаъолияти нимсолаи кумиҷроия натиҷагирӣ карда шуд. Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ Дилшод Зокиров маҷлиси кумиҷроияро ифтитоҳ карда, рӯзномаи онро муаррифӣ кард.

Аз рӯи масъалаи якум муовини раиси кумиҷроияи ноҳиявӣ М. Баҳруддинзода ҳисоботи нимсоларо қироат кард. Қайд карда шуд, ки дар тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ ҳизбиёни ноҳия ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, соҳиби бинои нави корӣ, автомошинаи хизматӣ ва нашрия бо номи «Нигоҳи халқ» шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ кумиҷроияи ноҳиявӣ сафи аъзои ҳизбро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2 баробар афзуда, ба 3000 нафар расонидааст. Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти бахши ноҳиявии ТҶҶ «Созандагони Ватан» хуб роҳ монда шуда, дар ҳамаи чорабиноҳо аъзои он фаъолона иштирок мекунанд.

Аз рӯи масъаи дуюм раиси комиссияи тафтишотӣ Қ. Қобилов баромад карда, иттилоъ дод, ки ҳамаи маблағҳои дар давоми 6 моҳи сиҳоботӣ ба суратҳисоб воридгардида, самаранок истифода шудаанд.

Ҷамъбасти фаъолият
Аъзои фаъоли ҳизб Саидсуҳроб Ҳусайнов ва Туроб Туробов ба музокира баромада, атрофии масоили матраҳшуда андешаҳои худро иброз намуданд. Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд низ зимни баромади худ масъулини кумиҷроияро ба чунин дастовардҳо табрик гуфта, иброз намуд, ки бо фаъолияти боз ҳам хубтари худ минбаъд низ рисолати созандаи ҲХДТ-ро татбиқ карда, сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тарғибу ташвиқ намоянд. Барои фаъолияти хубу назаррас дар давоми нимсолаи авали соли 2016 Сарфароз Юнусов ба кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб як компютер аз номи муовини якуми ҲХДТ Фаттоҳзода Саидмурод Самад туҳфа кард.
Ҷамъбасти фаъолият
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: