Ғамхорӣ ба истироҳаткунандагони урдугоҳ22-07-2016, 16:00
Хабарро хонданд: 240 нафар
Назарҳо: 0
Имрӯзҳо таътили тобистонаи мактаббачагон идома дорад. Аксарияти онҳо ин давраро дар урдугоҳҳо паси сар мекунанд. Айни ҳол урдугоҳи «Парасту», ки яке аз истироҳатгоҳҳои беҳтарин дар миқёси шаҳр ба шумор меравад, ин мавсим низ кӯдакону наврасони зиёдеро ба оғӯши худ гирифтааст. Дирӯз бо иқдоми Сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Конибодом Маҳмадзода Алимардон Аҳмад барои зиёда аз 50 нафар истироҳаткунандагони урдугоҳи мазкур хони пурфайз ороста шуд. Бачаҳо аз ин таваҷҷуҳу ғамхории роҳбарияти ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом шоду мамнун гашта, зери навои суруду оҳангҳои дилошӯб то дер хурсандӣ доштанд. Хамзамон бо дастгирии МИХД ва КИШ ХХДТ ки дар қатори кӯдакону наврасон 15 нафар кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд низ истироҳат мекунанд, онҳо низ бо кӯмаку ғамхориҳо фаро гирифта шудаанд.
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.