Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Муроҷиатномаи мардуми шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Муроҷиатномаи мардуми шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон!

1-10-2015, 13:54
Хабарро хонданд: 378 нафар
Назарҳо: 0
Муроҷиатномаи мардуми шаҳри Сарбанд ба Ҳукумат ва мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон!Мо, мардуми шарифи шаҳри Сарбанд, аз шабаки якуми телевизинони Ҷумҳурии Тоҷикистони қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди дида баромадани аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилоти экстримистӣ, ифротгароӣ, террористӣ эътироф намудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистонро шунида, нафрати мо нисбати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аъзоёни он боз ҳам афзунтар гардид.
ҲНИТ, 4 декабри соли 1991 ташкил карда шуда, дар солҳои 1992-1997 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии исломии Афғонистон амал намуда, баъди бастани созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ фаъолияти ҳизб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шуда, 28 сентябри соли 1999 ва 15 октябри соли 2003 он ҳамчун ҳизби сиёсӣ аз нав ба қайд гирифта, то ин вақт амалҳои сиёҳи пинҳонкорӣ бурда, ҳамчун каждуми зери бӯрё амал намудааст.
Роҳбарони ҲНИТ дар давоми фаъолияташон дар фазои сулҳу оромӣ, тинҷиву амонӣ ва ваҳдати миллӣ фаъолият намуда, кушку қасрҳо сохта, бо айшу нӯши шоҳона ҳаёт ба сар мебурданд. Аммо ин тинҷиву оромӣ ин серию пурӣ, ин ваҳдати миллӣ ба онҳо хуш наомада, бо маблағҳои бо ном хайрия кишварҳои хориҷӣ побанд гашта, интизори дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷияшон буданд, барои онҳо на Ватан лозим асту на миллат.
Муайян карда шудааст, ки Назарзода Абдуҳалим Мирзо машҳур бо лақаби “Ҳоҷӣ Ҳалим” тайи солҳои охир бо мақсади амалӣ намудани кирдорҳои ҷиноятии худ бо дастуру роҳбарии бевоситаи раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намуда, онҳоро бевосита роҳбарӣ менамуд. Тасмими охирин дар бораи ҳуҷуми мусаллаҳона давраи аввали моҳи августи соли 2015 сурат гирифта буд.
Ҳуҷумҳои мусаллаҳонаи шаби 4-уми сентябр ба Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар чораҳаи кӯчаи Айнӣ ва Аҳмади Дониши шаҳри Душанбе, ба ҳалокат расонидани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ амали гурӯҳҳои ҷиноятпешаи ин марди беномусу ватанфурӯш мебошад.
Зимни муқовимати мусаллаҳона 25 нафар террорист нобуд, 125 нафар узви гурӯҳи террористӣ ва ҳаммаслакони онҳо, аз ҷумла 28 нафар бо ҳамкории фаъолонаи аҳолии маҳаллӣ муайян дастгир гардиданд. Мутаассифона дар ин амалиёт 14 нафар хизматчиёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷон бохтанд. Барои онҳо талафоти ҷонӣ ҳеҷ аҳамияте надорад.
Ҳамаи ин фавтидагон фарзандони Тоҷикистон буда, онҳо барои Ватан азизу муътабар буданд, аммо бо сабаби амалҳои ноҷавон мардонаи баъзан кӯрдилон, сияҳкорон, хоинони Ватан чун Назарзода Абдуҳалим Мирзо, Муҳиддин Кабирӣ ва Ҷунайдулло Умаров чандин кӯдак бепадар ва чанин зан бешавҳар монданд, ба дили чандин модарон, ки доғи ҷанги шаҳрвандӣ норафта буд, боз доғи сиёҳи пурдарду алам дили онҳоро реш-реш намуда, то охир умр дар фироқи ҷигарбанди гумкардаи худ доғи ҷудоӣ кашида, обу адо мегарданд.
Роҳбарону аъзоёни Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар панҷ соли охир аз муборизаи пинҳонӣ ба муборизаи рӯиросити идеологӣ гузаштанд. Ин амалҳои онҳо ба воситаи рӯзномаи “Наҷот”, паҳн намудани варақу адабиётхои бадеӣ ва дар рӯзҳои интихоботу идҳои Рамазону Қурбон дида мешуданд. Ҳаммаслакони онҳо дар шаҳру ноҳияҳо дини мубини исломро шиор намуда, оятҳои Қуръону ҳадисҳои Пайғамбар (с)-ро ба мақсадҳои нопоки худ истифода намуда, мардумро бо гумроҳӣ бурда, оҳиста-оҳиста даст ба ҷиноятҳои хусусиятҳи экстримистӣ, ифротгароӣ ва террористӣ зада, дар байни аҳолӣ кинаву адоват барангехтанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти миллӣ гардида, асосҳои сохти конститутсионӣ, амният ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳдид намудааст.
Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Давлатов Ҳусниддин дар ҳайати Иттиҳодияи террористии ҷамъияти Ансуруллоҳ таҳти роҳбарии Давлатов Аловуддин бо тахаллуси Алии Бедакӣ ва Раҳимов Абдулло бо тахаллуси Мулло Абдулло соли 2010 дар водии Рашт дар куштори 25 нафар хизматчиёни ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуда, дар дастрас намудани маводҳои кимёвӣ барои омода сохтани воситаҳои тарканда дастгир карда шуда, ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 11 солу шаш моҳ маҳкум гардидааст.
Роҳбар шуъбаи вилоятии Ҳизби нахзати исломии Тоҷикистон дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Маҳмадризоев Сабзалӣ ва раиси бахши он дар шаҳри Хоруғ Карамхудоев бошанд моҳи июли соли 2012-ум дар бетартибиҳои оммавӣ, ки дар шаҳри Хорӯғ ва ноҳияҳои аторфи он сурат гирифт иштирок намуда, ба намояндагони ҳокимият муқобилияти яроқнок нишон доданд.
Аъзоёни фаъоли ҲНИТ дар шаҳрӣ Исфара Шарипов Мукаррамхуҷа ва Шарипов Мусаямхуҷа ва Турсунов Абдумубин моҳи январи соли 2008 фаъолони ташкилоти террористии Ҳизби исломии Туркистон Қаюмов Абдуфатоҳ ва Бобоев Абдухолиқро, ки бо яроқҳои оташфишон мусаллаҳ ва барои содир намудани куштори афсари милитсия ва як қатор дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин дар кофтукови мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор доштанд, якчанд шабонарӯз дар манзили истиқоматии худ пинҳон ва ба ҷои хоб ва хӯрока таъмин карда, худ низ ба ин иттиҳодияи ҷиноятӣ шомил шудаанд.
Хамин хел аъзоёни ҲНИТ дар шаҳри Норак ва Шаҳритус парчами Давлати исломиро овехта, дар байни мардуми тинҷу ором, ки тамоми ҳастияшонро баҳри ободонии кишвар равона намуда, меҳнати софдилона карда истодаанд, тухми адоват мекаранд, мардумро бо фиребу найранг ба гумроҳӣ мебаранд. Лекин мардуми мо мардуми солҳои 90-ум нест, хубро аз бад, сиёҳро аз сафед ва дӯстро аз душман фарқ карда метавонанд. Онҳо дигар фирефтаи шахсони бегона намегарданд.
Ҷанги шаҳрвандиро мардуми мо паси сар кардааст, ки барои мо он ҷанг сабақи бузурги таърихӣ аст. Модарони фарзандгумкарда то ҳанӯз дар фироқи ҷигарбандони ғуррамаргашон нола мекунанд. Онҳо аз ин рӯзҳои софу беғубор ҳазорон шукрона намуда, аз Худованд талаб доранд, ки аз он рӯзҳои сахту нангин нигаҳ дорад.
Мо, мардуми шаҳри Сарбанд, намехоҳем дар арсаи ҷаҳолат монем. Ин озодӣ ин тинҷию амоние, ки ба мо муяссар гардидааст, шукрона мекунем. Шукрона аз он мекунем, ки мо давлат дорем, шукрона аз он мекунем, ки миллатамон истиқлолияти комил ба даст оварда, баҳри рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ монда нашуда саҳм гузошта истодаанд. Мо аз муваффақиятҳои бадастомада ифтихор менамоем ва тараққиёт ва ободии Ватанамон-Тоҷикистонро дида мефахрем.
Мо нагузорем, ки нохалафоне ҷавонони кишвари азизи моро ба доми худ кашида, сарзамини биҳиштосо ва вазъи орому осудаи моро ноором созанд.
Мардуми шаҳри Сарбанд фаъолияти роҳбарон ва аъзоёни ҲНИТ-ро сахт маҳкум намуда, ҲНИТ-ро ҳамчун ҳизби террорист, экстримист ва ифротгаро мешиносанд.
Мо фаъолияти ҲНИТ ва гурӯҳҳои ифродгарои онро маҳкум карда, қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оиди расман қатъ намудани фаъолияти онро ҷонибдорӣ менамоем ва ин қарор ҳамчун қарори саривақтӣ буда, барои миллат ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун обу ҳаво зарурӣ мешуморем.
Аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таманнои онро дорем, ки хизмати шермардони Ватан ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ҳушёрию зиракиро аз даст надода, дар кушодан ва пешгири намудани нақшаи таҳрезишудаи хоинони давлату миллат ҳисса гузоштанд, қадрдонӣ менамудед.
©Муроҷиатнома, дар маҷлиси васеи шаҳри Сарбанд, аз 30 сентябри соли 2015 №7 қабул карда шудааст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: