Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Чопи "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон қатъ шуд

Чопи "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон қатъ шуд

22-07-2016, 10:30
Хабарро хонданд: 222 нафар
Назарҳо: 0
Чопи "Комсомолская правда" дар Тоҷикистон қатъ шудЧопи нашрияи “Комсомолская правда”, рӯзномаи Русия дар Тоҷикистон қатъ шуд.

Шарифи Ҳамдампур, муассис ва сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, ки даҳ сол боз масъулияти чопи ин нашрияи русиро дар кишвар ба зимма дошт, гуфт, "ин эътирози мо ба мақолаи Сергей Пономарев рабт дорад, ки дар он миллати тоҷик таҳқиру тавҳин шудааст".

Пономарев дар мақолааш "Таджикистан: из советского прозябания в светлое будущее" (Тоҷикистон: аз карахтии Шӯравӣ ба ояндаи дурахшон) Тоҷикистонро "ватани Равшану Ҷамшудҳо" номидааст. Ин мақола дар сомонаи "Комсомольская правда" чоп шуда, Пономарев дар оғози матлабаш мегӯяд, “дар ҳавопаймое аз Маскав ба самти Хуҷанд равонем ва дар миёни мусофирон танҳо ман чеҳраи славянӣ дорам. Бақия Равшану Ҷамшуданд...”

Шариф Ҳамдампур 21 июл зимни як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “ин мақола мардум ва миллати тоҷикро таҳқир мекунад ва аз ин рӯ, тасмим гирифтем, нашрия дигар дар кишвари мо чоп нашавад”.

Тайи 10 соли ахир дар Тоҷикистон нашрияҳои “Комсомолская правда” ва “Аргументи и факти”-и Русия нашр мешуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: