Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Лавров: Донбасс ба ҳузури нерӯи байналмилалӣ розӣ намешавад

Лавров: Донбасс ба ҳузури нерӯи байналмилалӣ розӣ намешавад

19-06-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 212 нафар
Назарҳо: 0
Лавров: Донбасс ба ҳузури нерӯи байналмилалӣ розӣ намешавад
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар суҳбат бо "Комсомолская правда" гуфтааст, мақомоти Украина аз иҷрои масъулиятҳояш барои ба эътидол овардани вазъи Донбасс канораҷӯӣ мекунад.

Ба гуфтаи вай, гӯиё ин чизро на танҳо Олмон ва Фаронса, иштирокдорони гуфтушуниди Украина дар "формати нормандӣ", балки ИМА ҳам дарк кардааст.

"Ҳоло ногаҳон масъалаи амният барои Петр Порошенко, президенти Украина бисёр муҳим шуда, на танҳо қатъи даргириҳо, балки таъмини амният тавассути кадом як нерӯи байналмилалӣ дар тамоми қаламрави Донбассро хоҳон аст", - мегӯяд Лавров. Вале вай таъкид кард, ки ин масъала дар қарордоди Минск зикр нашудааст ва Донбасс ҳам ба он розӣ намешавад

Лавров ҳамчунин қайд намуд, ки то ҷанбаъҳои сиёсии буҳрон ҳалли худро наёбанд, таъмини амният дар шарқи Украина имконнопазир хоҳад буд.

Михаил Ковал, муовини котиби Шӯрои амнияти миллии Украина рӯзи душанбе гуфт, раҳбарияти Русия бо нигоҳ доштани "мақсадҳои таҷовузкоронааш нисбати Украина" мунтазам ва пайваста имкониятҳои ҳалли мусолиматомези низоъи Донбассро аз байн мебарад.

Ковал тасдиқ намуд, ки Русия нерӯҳояшро дар самтҳои стратегии ғарбӣ ва ҷанубу ғарбӣ, аз ҷумла наздикии марзҳои Украина тақвият медиҳад.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: