Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат

Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат

19-07-2016, 13:00
Хабарро хонданд: 305 нафар
Назарҳо: 0
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар доираи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25 иқдоми созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва доир ба омӯзиши китоби Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» чорабиниҳои гуногуни таблиғотию ташвиқотӣ ва илмию амалиро дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ роҳандозӣ намудааст.

Аз ҷумла, вобаста ба ин санаи 18 июл зери мавзӯи «Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат» дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нақлиёти махсус»-и КВД «Нақлиёти махсуси партовҳои сахти маиши»-и ноҳияи Сино соати сиёсӣ баргузор гашт.

Дар он мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия Абдумаҷид Муминов, роҳбари муассиса Муродов Давлат ва аъзоёну фаъолони ҳизб ширкат доштанд.

Дар ибтидо роҳбари муассиса дар бораи хизматҳои Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи мазкур зикр кард. Ҳамчунин саҳми бузургӣ Пешвои миллатро дар эҳё намудани давлати миллӣ баён дошта, оиди китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» андешаҳои худро иброз намуд.

Баъдан мавсуф аз ҳамкории кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳия изҳори қаноатмандӣ намуда, дар бораи омодагиҳо ба ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ин замина доир ба рафти иҷрои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №131 аз 19 апрели соли 2016 «Дар бораи омодагии ҳамаҷониба ба таҷлили сазовору пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр Душанбе» ва 130 рӯзи ободонӣ изҳори андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки имрӯз тамоми фаъолияти кормандони мо дар ҳамкорӣ бо сокинони ноҳия дар ин самт сафарбар шудаанд.

Сипас, Абдумаҷид Муминов баромад намуда, таъкид кард, ки имрӯз дар баробари дигар сохторҳои дар ноҳия фаъол, инчунин тамоми ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ва аъзони ҳизб баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ дар маъракаи «130-рӯзи ободонӣ» фаъолона иштирок доранд, то ки ин ҷашни таърихии миллат дар сатҳи баланд таҷлил гардад.

Ҳамзамон мавсуф нисбат ба масъалаҳои дохили ҳизбӣ диққати махсус зоҳир намуда, оид ба интизоми ҳизбӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои ҳизб суханрони карда, таъкидан иҷро гардидани талаботҳои Оиннома ва Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баён шуда, оиди супоришҳое, ки ба уҳдадориҳои хизматӣ вобастагӣ дорад, саривақт ва ба пуррагӣ иҷро гардидани онҳо хоҳиш карда шуд.

Дар фарҷом, ҳамагонро ба муносибати ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли эҳтиром аз номи роҳбарияти ҳизб табрику таҳният гуфта, иштирокчиёнро даъват ба саҳмгузорӣ дар рушди давлати миллӣ тавассути софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои хизматӣ намуд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: