Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Аксияи ҳизбии «Тоҷикон дар оинаи таърих»

Аксияи ҳизбии «Тоҷикон дар оинаи таърих»

23-06-2016, 15:15
Хабарро хонданд: 228 нафар
Назарҳо: 0
Аксияи ҳизбии «Тоҷикон дар оинаи таърих»
Бо мақсади иҷрои вазифагузории КИМ ҲХДТ имрӯз, 23 июн дар толори кохи «Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи шаҳрии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аксияи омӯзиши китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон -“Тоҷикон дар оинаи таърих” баргузор гардид.

Тавре Амиршоҳ Яқубов, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат ба «Hamsafon» иттилоъ дод, ҷамъомади мазкур дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзоёни Кумитаи иҷроия, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ ва фаъолони ҳизбӣ доир гардидааст.

Фарзона Хоҷазода, вакили Маҷлиси вакилони халқии шаҳр зимни суханронии худ дар мавзӯи сулҳу ваҳдат аз ҷумла иброз дошт, ки боиси хурсандии ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки имрӯзҳо барои таҷлилу баргузории ду ҷашни бошукӯҳ-нуздаҳумин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагӣ мегиранд. Номбурда ҳамзамон илова намуд, ки «мо бояд ҳамеша ба қадри ин сулҳу оромӣ бирасем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем».

Дар фарҷоми чорабинӣ шоири халқӣ устод Мирзо Файзалӣ бо чунин мисраҳои пурмуҳтавои худ ҷаласаро ба анҷом расонид:

Сулҳ файзи хонаи ободи мост,
Сулҳ ҷавлон кардани озоди мост.
Сулҳ бахт асту умеду орзу,
Сулҳ асли гавҳари аҷдоди мост.
И.Тоҳир
Аксияи ҳизбии «Тоҷикон дар оинаи таърих»
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: