Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё»

Озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё»

18-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
Озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё»Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Таком», ки пешниҳодкунандаи хизматрасонии алоқа таҳти тамғаи тиҷоратии Beeline дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, озмуни байналмилалии навовариҳои «Ҷоми мобилии Авруосиё»-ро дар Тоҷикистон роҳандозӣ менамояд, ки он аз 12 июл оғоз шуда, то 15-уми октябри соли равон идома меёбад.

Тавре Марина Платонова, масъули робита бо ВАО-и ширкати Beeline ба хабарнигори «Минбари халқ» иттилоъ дод, иштирокдорони эҳтимолии озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё» аз машварат ва дастгирии менторон (мураббиён) дар вақти гузаронидани семинарҳо ва вохӯриҳои корӣ, ки дар рафти мусобиқа ташкил карда мешаванд, бархурдор хоҳанд гашт.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин иштирокчиёни озмун фикрҳои нави худро бо дастгирии ташхисгарони маҳаллӣ ва байналмилалии соҳа коркарду санҷида метавонанд.

– Ин ба соҳибкорони ҷавон имконият медиҳад, ки фикрҳои навоваронаи худро ба роҳҳаллҳои қобили амал татбиқ созанд, ки ба шарофати ин олами рақамӣ барои истифодабарандагон боз ҳам наздику дастрастар мегардад, мегӯяд Марина Платонова.

Ба иттилои Нисо Азизова, менеҷери ширкати мобилии Beeline озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё» ташаббуси гуруҳи VimpelComLtd. буда, дар доираи барномаи корпоративию иҷтимоии "Саҳмгузор шав" («Make your Mark») амалӣ мегардад, ки ҳадафи он пешниҳод кардани имконият барои рушдёбии ҷавонон, новобаста аз малакаҳои техникии онҳо мебошад. Чунин дастгирӣ барои ташаккул додани зарфиятҳои зеҳнии ояндаи онҳо ва минбаъд таъсир расондан ба рушди иқтисодии кишвар ва минтақа имконияти хубе фароҳам меоварад.

- Дар озмун соҳибкорон ва ашхоси касбу кори гуногун аз Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Украина ва Ӯзбекистон ширкат варзида метавонанд. Вазифаи иштироккунандагон аз пешниҳоди ақидаҳои навоваронаи худ дар соҳаи инноватсияҳои мобилӣ иборат аст. Ҳакамон, ки ба сафи онҳо ташхисгарони соҳа аз кишварҳои гуногун шомил ҳастанд, дархостҳои иштирокдоронро мувофиқи меъёрҳои навоварӣ, мубрамият барои ҷомеаи маҳаллӣ, андозагирӣ ва беҳамтоии пешниҳоду лоиҳаҳояшон баҳо хоҳанд дод, илова намуд Нисо Азизова.

Дар ҳамин ҳол Константин Колесов, директори генералии ширкати мобилии Beeline иброз дошт, ки мо аз амали худ ҳамчун роҳкушоён илҳом мегирем ва имрӯз боз ҳам зиёдтар ба ширкати рақамӣ табдил ёфта, дар ҷустуҷӯи таклифҳои нав ва роҳҳои ҳалли барномавӣ ҳастем, ки барои ба мизоҷонамон боз ҳам наздиктар шудан имконият медиҳанд.

- Beeline барномаи "Саҳмгузор шав"-и VimpelCom-ро дар ин бобат пурра дастгирӣ мекунад. Мо бесаброна мунтазири ақидаҳои нави тиҷоратӣ аз иштирокдорони озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё» ҳастем», - гуфт Константин Колесов.

Гуфта мешавад, ки бори аввал дар Тоҷикистон, озмуни «Ҷоми мобилии Авруосиё» соли 2015 роҳандозӣ шуда, дар натиҷаи марҳилаи аввали озмун 39 даста аз Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд, ки иштироккунандагони он аксаран донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон буданд. Ҳар як даста ақидаи лоиҳаи худ ва ҳалли мобилии онҳоро дар категорияҳои гуногун аз қабили сайёҳӣ, истироҳати фаъол, омӯзиш, муҳити атроф ва ғайра пешниход карда буданд. Дар натиҷаи марҳилаи интихобӣ, се даста Тоҷикистонро дар финали Москва муаррифӣ карданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни имсола се дастаи ғолибон аз қораи АвруОсиё барои иштирок кардан дар озмуни ниҳоии ҷаҳонии «Ҷоми мобилии Ҷаҳон» (Global Mobile Challenge), ки дар доираи Конгресси Умумиҷаҳонии Алоқаи Мобилӣ дар шаҳри Барселонаи Испания моҳи феврали соли 2017 баргузор мешавад, имконият пайдо мекунанд.

Барои гирифтани маълумоти бештар оид ба озмун ва иштирок дар он ба сомонаи www.eurasiamobilechallenge.com сар занед.
Абӯалӣ НЕКРӮЗОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: