Троллейбусҳои интернетии Душанбе24-06-2016, 14:00
Хабарро хонданд: 283 нафар
Назарҳо: 0
ҶДММ «Таком» тибқи лоиҳаи «Beelihe Free» 30 адад автобус ва троллейбусҳои пойтахтро бо интернети ройгон таъмин кард. Агар дар марҳилаи аввал 10 автобуси мусофирбари хатсайрҳои 8 ва 18 тариқи роҳандозӣ шудани лоиҳаи «Beelihe Wi-Free», мусофиронро ба интернети бепул таъмин карда бошанд, имрӯз чунин имконият барои нафароне, ки тариқи троллейбус аз як гӯшаи шаҳр ба дигар тараф равона мешаванд, пешкаш карда мешавад.
Як сол пеш ширкат баробари нақлиёти ҷамъиятӣ дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе тарҳи “Beeline Wi-Fi Free” ба роҳ монда буд. Он вақт танҳо барои мусофирони 10 автобуси хатти сайри 8 ва 18 интернети бепул дода шуд. Ҳоло дар маҷмуъ дар Душанбе 20 автобусу 10 троллейбус бо WiFi-и бепул таъминанд. Константин Колесов, мудири кулли “Билайн” дар Тоҷикистон зимни муаррифии ин барнома ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки дар арафаи таҷлили 10-солагии таъсиси шикрати ҶДММ «Таком» тасмим доранд, ин тарҳро берун аз пойтахт низ ба роҳ бимонанд. Мо ин корро дар дигар кишварҳо иҷро кардем ва мехоҳем дар Душанбе низ шаҳрвандон аз хизматрасонии мо баҳраманд бошанд, хулоса менамояд К. Колесов. Лоиҳаи иҷтимоии “Beeline Wi-Fi Free” ҳамчун таъмингари имконияти дастрасии пройгон ба интернет буда, баробари 30 адад нақлиёти мусофирбар ва Фурудгоҳи Душанбе, дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон низ насб шудааст, ки донишҷӯён дар вақтҳои фориғ аз таҳсил аз он истифода мебаранд. М. Маҳмудов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.