Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Vimpelcom баъд аз моҷарои "Гулнора Каримова" тағйири ном мекунад

Vimpelcom баъд аз моҷарои "Гулнора Каримова" тағйири ном мекунад

15-03-2016, 13:44
Хабарро хонданд: 282 нафар
Назарҳо: 0
Vimpelcom баъд аз моҷарои "Гулнора Каримова" тағйири ном мекунад
Ширкати мобилии Vimpelcom Ltd. ният дорад то охири имсол ва ё аввали соли оянда тағйири ном кунад. Ин ширкат чӣ номеро барои худ интихоб хоҳад кард, ҳанӯз дақиқ нест, аммо нашрияи "Ведемости"-и Русия менависад, он бо ин роҳ мехоҳад, аз ҷанҷоли фасодолудагӣ дар Ӯзбекистон раҳо шавад.

Моҳи гузашта VimpelCom Ltd. расман эълон кард, ки барои дарёфти ҳаққи фаъолияти тиҷоратӣ дар Ӯзбекистон ба "як соҳибнуфуз"-и ин кишвар пора додааст.

Бино бар иттилои вазорати адлияи ИМА, VimpelCom Ltd. ва ширкати тобеаш дар Ӯзбекистон "Unitel" эътироф карданд, ки дар солҳои 2006 то 2012 ба афроди соҳибнуфузи ин кишвар дар маҷмуъ 114 миллион доллар пора додаанд.

Пештар аз ин ширкат гуфта буд, омодааст, фасодкориаш дар Ӯзбекистонро эътироф кунад ва ба мақомоти зидди фасоди ИМА ва Нидерландия дар ҳаҷми 795 миллион доллари ИМА ҷарима пардозад. Соли гузашта баъди ифшои фасодкорӣ дар Ӯзбекистон пулиси Норвегия роҳбари пешини VimpelCom Ltd.-ро ҳабс кард. Баъдан ошкор шуд, ки намояндагиҳои дигари ширкатҳои мобилӣ дар Ӯзбекистон: МТС-и Русия ва TeliaSonera-и Финдландияву Шведсия низ "ба афроди соҳибнуфуз"-и ин кишвар пора додаанд.

Вазорати адлияи ИМА мегӯяд, феълан барои мусодираи 850 миллион доллари шаҳрванди соҳибнуфузи Ӯзбекистон, ки дар бонкҳои Швейтсария, Белгия, Люксембург ва Ирландия нигаҳдорӣ мешаванд, ба додгоҳ муроҷиат кардааст. Хабар дода мешавад, ки соҳиби ин ҳисобҳои бонкӣ духтари калонии президенти Ӯзбекистон Гулнора Каримова аст.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: