Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Таърихи пайдоиши телефони мобилӣ

Таърихи пайдоиши телефони мобилӣ

1-06-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 632 нафар
Назарҳо: 0
Таърихи пайдоиши телефони мобилӣАгар пайдоиши алоқаи мобилиро ба ширкати Motorola нисбат диҳем, хато намешавад. Ин падидае, ки онро дар соҳаи алоқа инқилоб гӯем ҳам хато намешаваду феълан аз он миллионҳо сокини сайёра истифода мебаранд, ба фаъолияти муҳандиси ширкати номбурда Мартин Купер рабт дорад.

Номбурда дар рӯзҳои аввали кор аз дигар муҳандисон тафовуте надошт. Муддате нагузашта Купер барои пулиси шаҳри Чикаго радсияи киссагӣ ихтироъ карда бо ин амали худ дар ширкати Motorola барои сохтани телефони мобилии ҳамроҳ асос гузошт.

Баъди он ки радсияи сохтаи ин ширкат дар фаъолияти кори пулисҳои Чикаго ба хубӣ аз санҷиш гузашт, ширкат аз комиссияи федеролии коммуникатсия (FCC) бобати ба онҳо ҷудо намудани диапозони иловагӣ барои алоқаи мобилӣ дархост намуд. Ин ғоя барои курсинишинон хаёлӣ менамуд ва аксарият ба лоиҳаи рӯи қоғази Мартин Купер бовар карданӣ набуданд. Дар ширкат бошад барои амалӣ намудани ғояи Купер корҳои амалӣ авҷ гирифт. То санаи 3 апрели соли 1973 қариб ҳамаи амалҳо барои санҷиши алоқаи мобилӣ ба анҷом расонида шуданд. Аз ҷумла, дар боми бинои 50 қабатаи Alliance Capital Building дар шаҳри Нью-Йорк стансияи базавии алоқаи мобилӣ, ки барои хизматрасонии 30 нафар муштарӣ таҷҳизонида шуда буд, насб гардид. Рӯзи санҷиши таҷрибавӣ 3 апрели соли 1973 муайян карда шуд.

Дар ин сана Купери дар даст нахустин телефони мобилӣ дошта, дар кӯчаи Манхетан сайругашткунон ба идораи маркази таҳқиқотӣ аз асбоби дастисози худ занг зада хоҳиш намуд, ки сарвари шуъба Ҷоел Энҷеларо ба назди телефон даъват кунанд. Ҳамин хел ҳам шуд. Аввалин муколама тавассулти алоқаи мобилӣ ба иҷро расид. Баъди муваффақона анҷом дода шудани таҷриба Мартин Купер телефони мобилии худро бардошта ба нишасти матбуотие, ки аз тарафи ширкати Motorola созмон дода шуд, шитобид, то ба хабарнигорон оид ба ин кашфиёт хабар расонад.

Дар нишасти хабарӣ баробари посух ба саволҳои бешумор Купер ба журналистон иттилоъ дода буд, ки телефонии мобилии вай як килограмм вазн дошта, баландиаш 25, ғафсияаш 5 сантиметр аст. Ва муҳандис иқрор ҳам шуда буд, ки аз гаронии телефон вақти гуфтугӯй мушакҳои дасти вай ба дард омадаанд.

Нахустин телефонии мобилӣ танҳо баъди 10 соли ин ҳодиса - 6 марти соли 1983 аз тарафи ширкати Motorola ба фурӯш баромад, ки Dyna-Tac номгузорӣ шуда буд. Телефон 1, 15 кило вазн дошту аз 12 тугмача иборат буд. Аккумулятори ин телефон барои муоширати 35 дақиқа басандагӣ мекарду халос. Ҳол он ки онро дар муддати 10 соат пур кардан зарур меомад.

Новобаста ба ҳамаи ин камбудиҳое, ки феълан ба назари мо менамоянд, телефони нахустин миёни ҷомеа нақши назаррасеро ҷойгузин шуда тавонист. Ширкат на ҳама иштиёқмандонро бо телефони мобилӣ таъмин карда метавонист. Барои соҳибият ба он амрикоиҳо барои чанд сол дар навбат меистоданд. Зеро барои таъмини дастгоҳу мавҷқабулкунак ва фиристонандаҳои мавҷӣ таҷҳизот ва мабалағу нерӯи корӣ зарур буданд.


Агар соли 1987 дар саросари олам теъдоди дорандагони телефони мобилӣ ҳамагӣ як миллионро ташкил медод, ин рақам дар соли 1990 аллакай ба 11 миллион нафар расид. Ба якборагӣ зиёд шудани миқдори ширкатҳои мобилӣ хизматрасонӣ ва арзиши онро ба маротиб коста гардонида, нафарони хоҳишманди истифодаи он ба якборагӣ зиёд шуданд. Бино бар маълумоти ҷамъияти байналмилалии телекоммуникатсионӣ соли 1995 беш аз 91 миллион абоненти телефони мобилӣ буданд. Соли 2008 шахсони аз хизматрасонии телефонҳои мобилӣ истифодабаранда наздики 3 миллиардро ташкил дод. Тибқи як омор феълан дар ҳар як оилаи Тоҷикистон 3-4 адад телефонии мобилӣ рост омада, олимони соҳаи тиб дар хусуси зарари истифодаи ғайримақсадноку аз меъёр зиёди он ҳушдор медиҳанд. Ба ҳама ҳушдордиҳиву огоҳкуниҳо нигоҳ накарда имрӯз касеро бе ин навъи муошират тасаввур кардан ғайриимкон мебошад.

Чи ҳам набошад, истифода аз хизматрасонии телефони мобилӣ муоширатро дар саросари олам саҳлу сода намуда, фаъолияти он як навъ пешрафти техника дар сайёра маҳсуб мешавад.
Маъруфи Бобораҷаб
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: