Нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич15-07-2016, 12:00
Хабарро хонданд: 207 нафар
Назарҳо: 0
Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич бо Раиси ноҳия Ҷӯразода Рустам нишасти матбуоти доир гардид. Дар нишасти матбуотӣ намояндагони воситаҳои ахбори омма ва намояндагони корхонаҳову ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Дар муқаддима аз ҷониби Раиси ноҳия мӯҳтарам Ҷӯразода Рустам нисбат ба ҳамаи самтҳои фаъолият, ки дар нимсолаи аввали соли 2016 дар умумият бомуваффақият ҷамъбаст гардид ҳисобот дода шуд. Аз ҷумла, доир ба иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати дар сатҳи баланд баргузор нардидани мусобиқаи ҷумҳуриявии шаҳр, ноҳия, деҳа ва маҳаллаи беҳтарин ва хона, оилаи намунавӣ, рафти корҳо дар сохтмони хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой, омодагии ба истифодасупории иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дод.Дар хотимаи нишасти матбуотӣ ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори омма аз ҷониби Раиси ноҳия ҷавобҳои мушаххас пешниҳод гардид. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.